Таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар душвортарин рӯзҳо, дар давраи авҷи шиддати ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифта буд. Санаи 23 феврали соли 1993 дар майдони марказии шаҳри Душанбе аввалин гашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯз дар таърихи кишвар Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Ҳарчанд баъзе ҳуҷҷатҳо оид ба таъсису ташкили Артиши миллии Тоҷикистон баробари соҳибистиқлол гардидани кишвар ба тасвиб расида буданд. Аз ҷумла тибқи асноди мазкур Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисман бригадаҳову хадамоти низоми дар ин давра таъсис ёфта буданд. Азбаски ҷузъу томҳои пароканда ва сохтор номукаммал буд, Артиши миллии Тоҷикистон тамоми масъалаҳо ва таъйиноти доираи фаъолияти сохторҳои низомиро ифода карда наметавонист. Дар баробари ин, яке аз фармонҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992, таҳти №3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки заминаи ҳуқуқии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овард. Тибқи ин фармон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастаҳои «Фронти халқӣ» ва гуруҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, ташкил ёфт. Нарасидани низомиёни касбӣ дар ин давра равшан эҳсос мегардид. Роҳбарияти давлат сарфи назар аз вазъи печидаи ҳарбию сиёсӣ, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз рӯзҳои аввал ба сохтори ташкиливу бастии артиш ба манфиатҳои миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуд. Ҳамин тариқ, заминаҳои асосии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят душвори соли 1993 гузошта шудаанд. Тадриҷан, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангин таҷрибаи ҷангӣ омӯхта, обутоб ёфт.

Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар мамлакатҳои узви ИДМ корро дар ин самт аз сифр оғоз намуд, зеро бо сабабҳои гуногун ҳам, миқдори техникаи ҷангӣ ва ҳам, шумораи мутахассисони соҳибтаҷрибаи низомӣ дар кишвар хеле кам буд.

Дар марҳилаи нахуст ҳадафи асосии ташкили Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъминоти мазкур гуруҳҳои муташаккилу зудамал ба арсаи вуҷуд қадам ниҳоданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат бо қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд. Дар даврае, ки дар дохили кишвар вазъи ҷамъиятию сиёсӣ хеле мураккабу тезутунд гардид, алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ боло мерафт ва аз ин вазъияти мураккаби дохилӣ душманони хориҷӣ ҳар лаҳза метавонистанд истифода бурда, истиқлолияти Тоҷикистонро зери хатар гузоранд, тавлиди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле саривақтӣ ва талаби замон буд. Артиши миллӣ рукни муҳими давлат ва сипари боэтимоди Ватан аст.

Ҳамватанони азиз! Рӯзи таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарякояки Шумо муборак бод!