Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият мафҳумест, ки озодӣ, худмухторият ва соҳибихтиёрии як миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ ифода мекунад. Барои мардуми тоҷик, истиқлолият на танҳо як санаи таърихӣ, балки оғозидавраи нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин бозгашти ҳувияти миллии чандин сола мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург ва муқаддас ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави таърихӣ қадам гузошт. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи сарнавишт соз сабт гардид.Истиқлолият бо озмоишҳои душвор рӯ ба рӯшуд. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) кишварро ба харобӣ кашид ваталафоти ҷониву моддии зиёд ба бор овард. Аммо, босаъю кӯшиши хирадмандонаи роҳбарияти давлат, ниҳодҳои динӣ ва қувваҳои ватандӯст, Созишномаи умумии барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба имзо расид. Ин дастоварди бузург имкон дод, ки Тоҷикистон аз буҳрон берун омада, ба сохтмони давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шурӯъ кунад. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик бо ифтихор 35-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегиранд.

Дар тӯли 35 соли истиқлолият Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ваҳдати миллӣ сулҳу субот дар кишвар пойдор гардид. Мардуми тоҷик тавонистанд давлати соҳибистиқлоли худро мустаҳкам намуда, барои зиндагии шоиста заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Дар солҳои истиқлолият садҳо мактабу беморхона, роҳу нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ ва иншооти муҳими давлатӣ сохта шуданд. Пешрафти соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи рушд қарор дорад. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа барои омӯзиши илму дониш ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Истиқлолият ба миллати тоҷик имконият дод, ки забон, фарҳанг, расму оин ва арзишҳои миллии худро эҳё намояд. Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳиб ихтиёр ва сулҳпарвар мешиносанд.

Мо бояд Истиқлолияти давлатии худро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем, барои ободии Ватан содиқона хизмат кунем ва дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат саҳмгузор бошем. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз меҳнату дониш ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд вобастааст. Истиқлолияти давлатӣ моро водор месозад, ки барои ободии Ватан, таҳкими сулҳу ваҳдат ва пешрафти ҷомеа бештар талош намоем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ҳисси ватан дӯстӣ дошта бошад ва барои ҳифзи истиқлолият саҳм гузорад. Истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ мебошад. Мо бояд ин неъмати бебаҳоро қадр намуда, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизамон содиқона хизмат кунем.

Рӯзи Истиқлолият дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни миллии умуми халқӣ бошукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар маросимҳои расмӣ, гулчан баргузорӣ ба ёдгориҳои таърихӣ, консертҳои ҳунарӣ, намоишҳои варзишӣ, ярмаркаҳои молҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд. Парчами давлатӣ дар ҳамаҷо афрохта мешавад ва Суруди Миллӣ садо медиҳад, ки рамзи ваҳдат, ифтихор ва орзуҳои ояндаи мардум,.35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди тоҷик мояии фтихор буда, моро ба дӯстдоштани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва хизмати содиқона ба давлат ҳидоят менамояд. Зинда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Котиб-чопкунандаи

суди ноҳияи Сангвор                                           Саидҷонзода А.