Вохӯрии И.в раиси суди ноҳия Гулзода Ш.С ва ёрдамчии прокурори ноҳияи Сангвор бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии ноҳияи Сангвор баҳри иҷрои супориш ва вазифаҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ” бар меояд ва шарҳу тавзеҳоти он.

Санаи  03 апрели соли 2026 дар толори  маҷлисгоҳӣ Шуъбаи  маорифи  ноҳияи Сангвор аз ҷониби  И.в. Раиси суди ноҳияи Сангвор ва ёрдамчии калони  прокурори ноҳияи Сангвор вобаста ба  иҷрои  супориш ва вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои  асосии  сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ  ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2026 бар меомада ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  омӯзгорон, бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ  вохӯри гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ И.в.раиси суди ноҳияи Сангвор  Гулзода Ш.С. ва ёрдамчии прокурори ноҳияи Сангвор баромад намуда, моҳияти Паём ва санадҳои меъёри ҳуқуқиро ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмонида доданд.

Инчунин аз ҷониби иштирокчиёни  вохӯрӣ як қатор  саволҳо дода шуданд, ки аз ҷониби И.в раиси суди ноҳияи Сангвор Гулзода Ш.С. ба саволҳои ҳозирин  ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.