ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ тақозои замон аст.

Санаи 6 апрели соли 2024 раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д. дар байни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор дар мавзўҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи тайёрии касбӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ, доир ба аҳамияти сулҳу ваҳдат дар рушду нумўи давлатдории миллӣ, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, шомилшавии шаҳрвандон ба гурўҳҳои экстремистӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, оид ба баланд бардоштани завқи забономӯзӣ ва мутолиаи китоб суҳбату вохўриҳо намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.

Котиби суди ноҳияи Сангвор

Давлатшозода С.З.