САБАБҲОИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Терроризм аз забони лотинӣ teror-даҳшат, ҳарос гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри 18 ҳангоми инқилоби бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеалогия, ки аз таҳдид, фишороварӣ, зӯрӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимият, давлат ва низоми идоракунии он иборат буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геопалитикӣ ва имкониятҳои таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм ин куштори аҳли ҷомеа ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо мебошад, экстремизм — ин даъват ба нооромӣ ва ғасби ҳокимият мебошад. Охири асри 20 ва аввали асри 21 аз нуқтаи назари бархе аз одамон, баҳри ахалқҳою  миллатҳо ва тамаддун давраи пурғамтарин маҳсуб мешавад. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз яроқи ядроӣ мебошад.

“Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст. Стратегияи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофия ва доманаи онҳо васеъ гардида,  тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Интиқоли ҷангиён-террористон аз минтақаи Ироқу Сурия ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи ташкилоти  террористии «Давлати исломӣ» дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хавфи зиёдро ба миён овардааст. Ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда бо ин сохторҳо робитаҳои устувор дошта, дорои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо «истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ” фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.

Омилҳое, ки ба паҳншавии экстремизм, шомилшавии афроди алоҳида ба гурӯҳҳои тундрав ва аз ҷониби онҳо содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта мусоидат мекунанд ё метавонанд дар оянда мусоидат намоянд,  инҳо мебошанд:

-сатҳи ҳанӯз ҳам нокифояи самаранокии чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ, таъминоти илмӣ-методӣ, тайёрии касбии кормандони соҳаи мазкур ва ҷалби воситаҳои ахбори омма дар пешгирии экстремизм ва терроризм;

-осебпазирии муҳити динии кишвар аз ташвиқоти экстремистӣ бар асари донишҳои нокифояи динии аҳолӣ, инчунин интишори васеи маводи экстремистӣ;

-пурра истифода нагардидани зарфиятҳои низоми маориф ва сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон вобаста ба тарбияи сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва ватандӯстӣ, пешгирии тундгароӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон;

-камбудиҳо доир ба ташкили фаъолияти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва эмин доштани онҳо аз таъсири гурӯҳҳои экстремистӣ дар кишварҳои будубош, амиқ гардидани мушкилиҳои иҷтимоӣ дар оилаҳои дарватанмондаи муҳоҷирон, аз ҷумла оилаҳои тарккардашуда, мушкилии нигоҳубин ва тарбияи кӯдакон дар шароити оилаи нопурра.

Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд.

раиси суди н.Сангвор                                                     Салимзода М.Д.