Ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

Т А Ъ И Н О Т

оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

26 сентябри соли 2025                                                                     н.Сангвор

Раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д. маводҳои парвандаи оилавӣ бо даъвои Шаҳодати Сайдакбар ба ҷавобгарии Содиқҷони Ҳусейн оид ба бекор кардани ақди никоҳро омӯхта,

М У А Й Я Н    К А Р Д :

Даъвогар Шаҳодати С. бо аризаи даъвогии номбурда ба суд муроҷиат намуда, талаботашро бо он асоснок намудааст, ки ӯ бо ҷавобгар Содиқҷони Ҳ. санаи 16 июли соли 2021 оила барпо намуда, ақди никоҳашонро дар Ҷамоати деҳоти Сангвор(ҳозира Заршӯён)- и ноҳияи Сангвор таҳти №16 ба қайд гирифтаанд ва аз зиндагии якҷояашон соҳиби як нафар фарзанд; Ҳусейнзода С.С. санаи таваллудаш 25 июли соли 2022 гардидаанд. Бинобар сабаби бо ҳам мувофиқ наомадани хислатҳояшон ва ҷанҷолҳои оилавӣ онҳо бо тариқи динӣ аз ҳам ҷудо шудаанд ва фарзандашон дар тарбияи ӯ қарор дорад.  Онҳо муддати 2 сол мешавад, ки аз ҳам ҷудо зиндагонӣ доранд ва оилаашон пароканда шудааст. Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи байни ӯ ва ҷавобгар Содиқҷони Ҳ. бе додани муҳлат барои оштишавӣ бекор карда шавад.

Баъди омӯзиши аризаи даъвогӣ суд барои супоридани нусхаи аризаи даъвогӣ ва гузаронидани омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ба маҳалли зисти ҷавобгар Содиқҷони Ҳ. ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Шплиён даъватномаҳои судиро ба тариқи дахлдор ирсол намуд. Вале аз тарафи Ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор ба суд маълумотнома ворид шуд, ки мувофиқи он ҷавобгар Содиқҷони Ҳ. дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Шплиён истиқомат мекунад, аммо дар айни замон охирин дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дошта, маҳалли будубоши вай маълум нест.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 121 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳалли ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкорро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

Судя бо назардошти ҳолати боло мувофиқи мақсад донист, ки бинобар номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар Содиқҷони Ҳ. оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъинот қабул намояд.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 121, 229 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон судя,-

Т А Ъ И Н    К А Р Д:

Бо парвандаи оилавӣ аз рўи даъвои Шаҳодати Сайдакбар ба ҷавобгарии Содиқҷони Ҳусейн оид ба бекор кардани ақди никоҳ бо мақсади ба ҷавобгар Содиқҷони Ҳусейн супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замима гардида, ошкоро эълон карда шавад.

Ба даъватномаи судӣ ҳуҷатҳои зерин замима карда шаванд: нусхаи аризаи даъвогӣ, нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳи тарафҳо, нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, маълумотномаи ҷои истиқомати даъвогар, нусхаи шиносномаи даъвогар ва ғ.

Суди ноҳияи Сангвор, ки дар суроғаи ноҳияи Сангвор, кӯчаи Восеъ ҷойгир аст, ҷавобгар Содиқҷони Ҳусейнро ба сифати ҷавобгар даъват менамояд.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шавад.

Бо гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб шудани таъиноти ошкоро супурдани давати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда, дар ҳолати ба суд ҳозир нагаштани ҷавобгар ба Содиқҷони Ҳусейн ошкоро супурдашуда ҳисоб карда шаванд.

Баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳо насб шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба ҷавобгар Содиқҷони Ҳусейн дар сурати ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар парвандаи оилавӣ аз рӯи даъвои Шаҳодати Сайдакбар ба ҷавобгарии Содиқҷони Ҳусейн оид ба бекор кардани ақди никоҳ дар ғоибии Содиқҷони Ҳусейн баррасӣ карда шавад.

Баррасии парванда ба муҳлати як моҳ то санаи 27 октябри соли 2025 мавқуф гузошта шавад.

 

Судя                                               /имзо/                                        Салимзода М.Д.

Нусха ба аслаш мувофиқ аст:

Раиси суди н.Сангвор                                                                  Салимзода М.Д.