Оқибати мастӣ ба пастӣ оварда мерасонад.

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 25.11.2022 сол шаҳрванд М.Р.Х. барои он бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15(понздаҳ) шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5(панҷ) сол таъин карда шуд, ки ў санаи 25 ноябри соли 2022 тахминан соати 18-40 дақиқа бар хилофи талаботи банди 2.7-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, дар ҳолати мастӣ дар сари чамбараки автомашинаи тамғаи «УАЗ» рақами қайди давлатиаш 55-19АК08 нишаста, онро идора намудааст. Ҳангоми ҳаракат аз ҷониби деҳаи Миёнаду ба самти деҳаи Дараи ҳайрон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба садама дучор шудааст, ки дар натиҷа воситаи нақлиёт зарари техникӣ дидааст.

Бинобар ин, соҳибони воситаҳои нақлиётро зарур аст, ки баъди нушидани машруботҳои спиртӣ аз идора намудани воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд, то ин ки ба ҳаёт ва саломатии худ ва дигарон зарар нарасонанд.

   Раиси суди

ноҳияи Сангвор                                                                        Салимзода М.Д.