Мо бояд аз ҳарвақта бештар ин сулҳу суботро ҳифз намоем!

Дар давраи ҷаҳонишавӣ тамоми кураи заминро маълумотҳои электронӣ фаро гирифтаанд, ки маълумотҳои мазкур аввал ва охир надоранд. Яъне ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро, ки он дуруст ва ё нодуруст аст, баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст.

Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд. Аъзоёни Паймони миллли Тоҷикистон М.Кабирӣ, М.Садриддин Ш.Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо аз зумраи чунин иғвоангезон мебошанд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардуми Тоҷикистонро зидди сиёсати давлатӣ равона намоянд. Дар ин васила боиси афсус аст, ки баъди манъ гардидани фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон баъзе аз аъзоёни онҳо ҳоло ҳам, аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, аз хориҷи кишвар қарор гирифта, ҳамчун гуреза аз Ватан мехоҳанд бо ҳарроҳ фазои иттилоотии Тоҷикистонро вайрон созанд. Вале, мо мардуми Тоҷикистон хуб аз хоинии онҳо огоҳӣ дорем ва сад дар сад гуфта метавонем, ки ин хоинон бо омода намудани ҳазорҳо чунин барномаҳо ҳам, ба мақсадҳои нопоки худ ҳаргиз ноил намегарданд. Зеро симои аслии ин душманони миллат кайҳо фош гардидааст. Онҳо аз рӯи қасд ва хусумати шахсӣ дар каналҳои худ филмҳои кӯтоҳмуддати бемаънӣ ва беасосро паҳн карда, мехоҳанд, ки бо ин васила обрӯ ва нуфузи миллату давлати тоҷикро паст зананд, ки ин наворҳо ягон асоси воқеӣ надошта, пур аз дурӯғу сафсата мебошанд. Одатан, ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин дуруғу сафсатаҳо бовар мекунанд ва ҷалби онҳо мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки тозаю покиза аст, хурофот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон, раҳгум мешаванд. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он, ки чун ниҳоли навбар аст ва ҷомеаи худро, ки маромаш  зиндагии шоиса ва босаодат аст, аз чунин паёмади манфӣ эмин нигоҳ дорем. Зеро ин ватанфурӯшон танҳо мехоҳанд баъзе аз шахсони зудбоварро барои расидан ба мақсадҳои худ истифода баранд тамом. Ин иғвоангезони ватанфурӯш бо пахши чунин барномаҳо танҳо мехоҳанд моро ба гумроҳӣ баранд. Мақсади асосии онҳо ҷалб намудани Тоҷикистон боз ба ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, баъди ба ҷанг кашидани Тоҷикистон мехоҳанд бо истифода аз вазъият мақсадҳои нопоки худ аз ҷумла ба савдои одамон, яроқ, маводи мухаддир ва дигар кирдорҳои нопоки худ машғул шаванд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки тамоми нерӯву ҳастиамонро барои таъмини амнияту осоиштагии мардуми мамлакат равона намоем. Мо бояд аз ҳарвақта бештар ин сулҳу суботе, ки бо заҳмату машаққатҳои азим ба даст омадааст, ҳифз намоем ва нагузорем, ки он бадбинони давлату миллати мо ба ин сулҳу субот ва оромии кишварамон осебе расонанд.