МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

13 ноябри соли 2023 дар суди ноҳияи Сангвор маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷиукистон бо иштироки раиси суд Салимзода М.Д. ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Сангвор баргузор гардид.

Маҷлиси мазкурро раиси суд Салимзода М.Д. кушода, ҳайати суд ва дар симои онҳо тамоми корманду собиқадори мақомоти судиро бо ин рӯзи фархунда муборакбод намуда, ба онҳо таманниётҳои нек орзу намуда, қайд карданд, ки мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихӣ ва барҷаставу номбардоре зуҳур мекунанд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ва ҳаётан муҳим ба арсаи сиёсат ворид гардида, суботу осоиштагӣ ва дурнамои масири рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян менамоянд ва дар болоравии обрӯву нуфузи давлаташон нақши калидӣ ва абадӣ мегузоранд. 27-уми июн, яъне рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои муҳимми сарнавиштсози таърихӣ маҳсуб ёфта, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихору номуси ватандорӣ ва пеш аз ҳама, хушбахтиву сарбаландии мардуми Тоҷикистон мебошад…

Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоям, ки ӯ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Бо ҳамин маҷлиси мазкур дар шакли маърӯза кардани иштирокчиёни ҷаласа ба охир расонида шуд.

 Давлатшозода С.
Котиби судии суди ноҳияи Сангвор