Коррупсия зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи шаҳрвандӣ!
Коррупсия, ҳамчун падидаи ношоиста ва хатарнок, барои рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, некуаҳволии мардум ва суботу оромӣ монеа эҷод карда, нобовариро дар ҳама давру замон нисбат ба ҳукумат ва мақомоту сохторҳои давлатӣ зиёд месозад.
Коррупсия, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, бахусус мафкураи инсоният, таъсири манфӣ мерасонад. Корупся имрӯзҳо хусусияти умибашариро пайдо кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол мубориза бо коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии худ дониста, баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани он як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри аз байн бурдани корупся якқатор қонунҳо аз аз ҷумла қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20-уми марти соли 2008, № 374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз 7-уми августи соли 2020, № 1714, ки ин қонунҳо баҳри решакан кардани кирдорҳои каррупсионӣ заминаи худашро гузоштааст.
Инчунин қабул гардидани «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, № 34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-уми августи соли 2013, № 1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-уми августи соли 2021, № 222 барои муборизаи бо коррупся ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта заминаи худашро гузоштааст.
Дар суди ноҳияи Сангвор рӯзи 24 сентябри соли 2025 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Р.Р.Р. бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои “а,в,г” ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, ки Р.Р.Р. дар асосӣ фармоиши директори Агентии беҳдошти замин ва обёри назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2023, кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти корияш даст ба азонихудкунии маблағҳои буҷети зада ба манфиати давлат ба маблағи 18040,54 сомонӣ ва ба манфиати шаҳрванд 11813,34 сомонӣ зарари ҷиддӣ, дар умум ба маблағи 29853,88 сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст. Дар натиҷа нисбати Р.Р.Р. ҳукми айбдоркунанда бароварда шуда, нисбати охирин дар доираи раводиди моддаҳои номбаршуда ҷазои ҷарима ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 52 500 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ба мӯҳлати 2 сол таъин карда шуда, маблағи ҷаримаи таъингардида пурра ба фоидаи давлат ситонида шуд. Парвандаи мазкур дар мурофиаи сайёри судӣ баррасӣ гардида бо парвандаи мазкур таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки пешгирии коррупся на як вазифаи ҷонии кормандони мақомоти давлатӣ мебошад, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин кормандони суди ноҳияи Сангвор бо мақсади дар байни мардум фаҳмонида додани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», инчунин пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар давоми соли 2025 зиёда аз 31 маротиба дар корхонаҳо, муассисаҳо ва мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Сангвор бо иштироки роҳбарон, кормандон, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибони масҷидҳо, директорони муассисаҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, вохӯрӣ гузаронида шудааст. Дар ин вохӯри ба саволҳои марбут ба ин масъалаҳо, ки аз тарафи ҳозирин дода шуданд, посухҳои мушаххас дода шудааст.
Судяи суди н.Сангвор Гулзода Ш.С.
Суди ноҳияи Сангвор 
