Ифротгароӣ ва тундравии динию мазҳабиро на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ чашидаанд. Имрӯз мутаассифона, ин зуҳурот ба як масъалаи асосии башарият табдил ёфта ҳамчун вабои аср муаррифӣ мешавад.

Мардуми тоҷик таъми талхи ҳодисаҳои солҳои 90-уми садаи XX-ро хуб чашидаанд. Ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ башарият  бо душмани хориҷие, ки ягон чаҳорчӯбаи қоидаи зиндагиро риоя намекунанд, рӯ ба рӯем.

Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин «вабои аср» бояд ҳамаи моро муттаҳид созад. Инҷо нақши занҳову модарон ва албатта аҳли зиё ва омўзгорон дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, фарқ кардани хубу бад, донистани таърихи худ басо муҳим аст.  Зеро қисми зиёди насли наврас аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми садаи XX огоҳӣ надоранд ва намедонанд, ки падарону модарон ва бобою бибиҳои онҳо чӣ рӯзҳои сахту мудҳишеро баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дидаю чашидаанд. Соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати Миллӣ, паси сар намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва ин тенҷиву амонӣ худ ба худ бо осонӣ ба вуҷуд наомадааст. Баъзе аз шаҳрвандони мо бо мақсади манфиатҳои шахсӣ ва манфиатҳои хоҷагони хориҷиашон дини исломро ҳамчун фишанг истифода бурда, ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба доми худ андохта, дар амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Баъзе аз ҷавонони ноогоҳ бехабар аз мақсадҳои ин нохалафон даст ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мезананд, ки боиси ғаму андуҳи падарону модарон, ёру бародаронашон мешаванд ва аз ҳама бадтаринаш ин ҳаёти ҷавони худро беҳуда хору залил месозанд. Ҳол он ки ҳар як ҷавон метавонад, дар пешравӣ, ободу зебо гардонидан ва муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ нақши муҳим бозад.

Боиси қаноатмандист, ки дар муассисаҳои олии кишвар фанни диншиносӣ ворид карда шудааст, ки  мақсади асосӣ ва ниҳоии он бедор ва огоҳ кардани ҷавонон аз ҳодисаи номатлуб маҳсуб мешавад ва зиёиёни дохилӣ бояд ин амали некро анҷом диҳанд.

Ба умеди дигарон набояд шуд. Дигарон ҳеҷ гоҳ дар фикри муттаҳидсозиву муҳитсозӣ нестанд, баръакс, онҳо бар он манфиат доранд, ки муҳитҳои фарҳангӣ ва тафоҳуми миллию мардумӣ вуҷуд надошта бошад.

Одатан, ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки тозаю покиза аст, хурофот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон, раҳгум мешаванд. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он, ки чун ниҳоли навбар аст ва ҷомеаи худро, ки маромаш  зиндагии шоиса ва босаодат аст аз чунин паёмади манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Аз ин рӯ дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нерӯву ҳастӣ барои пешгирии он ва таъмини амнияту осоиштагии мардуми мамлакат равона шудааст.

Мо бояд аз ҳарвақта бештар ин сулҳу суботе, ки бо заҳматҳои бисёр азим ба даст омадааст ҳифз намоем ва нагузорем, ки он бадбинони давлату миллати мо ба ин сулҳи бебаҳои мо осебе расонанд.

Бошад, ки ҳамеша парчами давлати мо дар фазои сулҳу субот партаффишон бод!