Иди зебоӣ ба Шумо муборак бонувони арҷманд!

Зан – Модар олиҳаи меҳр, тароватбахши зиндагӣ, равшангари роҳи фарзанд, оромбахши қалбҳост. Зеро ҳисси буданаш қалби моро ором мекунаду боварӣ мебахшад, то ба пеш нотарсида қадам монем. Инро мо дар қадамҳои аввалини тифл дида метавонем, ки ӯ кӯшиши роҳ рафтанро мекунад ва бовари дорад, ки намеафтад ва агар афтад ҳам, боварӣ дорад, ки модараш ба ин роҳ намедиҳад. Бубинед бузургии модар ба як тифли хурд чӣ қадар умед мебахшад, пас ҳастии ӯ барои мо инсонҳои калон, ки ба ҳама чиз сарфаҳм меравем, чӣ қадар умед, боварӣ, тавоноӣ, ҷассорат медиҳад. То мо ба оянда бо чашми дигар нигарем.

Ба дунё зан гули бо рангу бор аст,

Яқин зан неъмати Парвардигор аст.

Ҳар он ки қиммати занро надонад,

Бидон дар зиндагӣ хор асту хор аст.

Зан-модар дар зиндагӣ вазифаҳои зиёдро ба зимма дорад, аммо бо омадани фарзанд дар оила вазифа ӯ дучанд мегардад, чун ӯ модар мешавад ва фарзанд дар симои ӯ як қаҳрамонеро мебинад, ки аз уҳдаи тамоми мушкилотҳои зиндагӣ ба хубӣ мебарояд. Албата ба иҷрои ин вазифаҳо ҳеҷ кас вайро маҷбур намекунад, вале алакай ӯ як модар аст ва қалби ӯ дигар метапад на барои худ, балки барои фарзанд метапад. Дигар зиндагии ӯ фарзанди ҷигарбандаш мешавад.

Дар ҳақиқат модар ин фариштаест, ки дар рӯи замин ва мақому манзалати хосаеро дар ҳаёти инсон доро мебошад. Рост омадани иди модарон ба моҳи март ва айёми зиндашавии табиат низ ба ӯ хос аст. Зеро агар дар баҳор табиат зинда шавад, пас модар ба мо зиндагӣ мебахшад ва онро рангинтар месозад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Модарону бонувон ва апаҳою хоҳарони арҷманд! Ҳайати кормандони суди ноҳияи Сангвор ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, яъне ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азизу гиромӣ мебошад, аз сидқи дил табрику таҳният гуфта, барои якояки Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.