Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили Давлату Ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт.

16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт ва то саршавии ҷаласа 193 вакилони мардумӣ номнавис гардиданд.

Дар иҷлосия намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои мардумии мамлакат, инчунин намояндагони ваколатдори сардорони давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, сафири Руссия дар Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштирок доштанд.

Масъалаи асосии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати XII–ум гирифтани пеши ҷанги хонумонсӯзи бародаркӯш, барқароркунии Ҳукумати қонунӣ, муқаррар намудани ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз поён то боло, аз вартаи ҷанги бародаркӯш раҳонидани  Ҷумҳурии Тоҷикитон ба роҳи бунёдкорию  созандагӣ, ташкилотчигию ташаббускорӣ, оромию осоиштагӣ равон кардани хеш буд.

Дар созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд 16.11.1992сол) аввалин хишти Дустӣ, Ваҳдат, пойдевори сулҳи тоҷикон  гузошта шуд.

Қисми асосии  намояндагони халқ, мардуми тоҷик дар иҷлосия тарафдори қатъ кардани хунрезӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини оромию осоиши кишвар буд, ки ба он  мардуми Тоҷикистон сахт ниёз дошт ва ба дарди онрӯзаи халқи азияткашидаи тоҷик малњам мешуд.

Шукри тиҷиву оромии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мекунем, ки имрӯз ба харитаи ҷаҳони ҷойгирифтааст, ки ҷаҳониён имрӯз давлати моро мешиносанд.