Бе иҷозатнома машғул шудан ба таълими ғайриқонунии динии ноболиғон

боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудани шаҳрванд гардид.

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор шаҳрванд Т.А.А. барои он бо моддаи 474 (2) қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 90 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5760(панҷ ҳазору ҳафтсаду шаст) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў талаботи моддаи 8 қисмҳои 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро,  ки мутобиқи он таълими динӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур баъди гирифтани иҷозатномаи давлатӣ мумкин аст ва таълими динии кўдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризояти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад, дағалона вайрон намуда, таълими диниро ғайриқонунӣ дар манзили истиқоматии падараш ба роҳ монда, бе иҷозатномаи давлатӣ ноболиғон; К.Ё. хонандаи синфи якум, К.Р. хонандаи синфи сеюм ва К.М. хонандаи синфи чоруми МТИ ноҳияи Сангворро  аз соли 2018 то инҷониб бе ризояти хаттии падару модарашон таълимоти динӣ додаааст.