Қасдан ба мурофиаи судӣ ҳозир нашудани шоҳид

боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудани ӯ гардид.

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор шаҳрванд  Р.У.А. барои он бо моддаи 528 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 320(сесаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў санаи 23 апрели соли 2022 бо даъватномаи судӣ ба сифати шоҳид ба мурофиаи судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати маҳкушуда С.Ш.Р. бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои “а,в” ва 340 қисми 2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 25 апрели соли 2022 баргузор гардид, даъват карда шуда буд, вале охирин бе ягон сабаби узурнок ба мурофиаи судӣ ҳозир нашуда, нисбати суд беҳурматӣ зоҳир намуда, дар хусуси ҳозир нагардиданаш судро огоҳ накарда, боиси мавқуф гузоштани мурофиаи судӣ гардид.