ҷалби фарзанд барои гирифтани таълими ғайриқонқнӣ дар назди шахси алоҳида боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудани модар гардид.

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор шаҳрванд К.А.М. барои он бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 192 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў бар хилофи талаботи моддаи 9 сархати 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки мутобиқи он падару модар дар таълими фарзанд  уҳдадоранд, ки ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд, амал карда, ба фарзандонаш К.Ё. хонандаи синфи якум, К.Р. хонандаи синфи сеюм ва К.М. хонандаи синфи чоруми МТИ иҷозат додааст, ки таълимоти ғайриқонунии диниро дар назди шахси алоҳида-Т.А.А, ки барои додани таълимоти динӣ иҷозатнома надорад, гиранд.