Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо гардид.

 

Бо қарори суди ноҳияи Сангвор шаҳрванд М.М. барои он бо моддаи 474(2) қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 90 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6120 (шаш ҳазору яксаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў бар хилофи талаботи моддаи 8 қисмҳои 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро, ки мутобиқи он таълими динӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур баъди гирифтани иҷозатномаи давлатӣ мумкин аст ва таълими динии кўдакон аз синни 7 то 18-сола бо ризояти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад, дағалона вайрон намуда, таълими диниро ғайриқонунӣ дар манзили истиқоматиаш ба роҳ монда, бе иҷозатномаи давлатӣ ва ризояти хаттии падару модари ноболиғ А.М., ки хонандагони синфи 4 мебошад, аз аввалҳои моҳи декабр то охири соли 2023, таълимоти динӣ додааст.

Санксияи моддаи 474(2) қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷазоҳоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз навад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ намудааст.

 

   Раиси суди

ноҳияи Сангвор                                                       Салимзода М.Д.