Агар рамзи озодии мардум муҷассамаи «Озодӣ» дар Амрико, рамзи прогресси техникии Фаронсаву Аврупо манораи «Эйфел», аҳромҳои Миср рамзи тавоноии шоҳон «Фиръавнҳо»-и ҷаҳон, «Тоҷмаҳал» рамзи бунёдкориву ишқи беолоишу самимӣ бошад, Қасри «Арбоб» дар таърихи мо-тоҷикон рамзи ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани муқаддастарини муқаддасотамон-Истиқлолияти комили миллиамон мемонад ва бо гузашти вақт ба зиёратгоҳи соҳибмиллатони соҳибдавлат табдил меёбад.