Кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, майдонҳо, ҷойҳои фароғатии фарзанд боиси ба ҷавобгарии маъмурии падар гардид.
Бо қарори суди суди ноҳияи Сангвор аз 10.10.2025 сол шаҳрванд Ш.Г.В барои он бо моддаи 90 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ӯ ҳамчун падар талаботи моддаи 16 сархати 16-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро, ки мутобиқи он падару модар уҳдадоранд, ки кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд, дағалона вайрон намуда, нисбати таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Ш.В.Г санаи таваллудаш 12 майи соли 2009 бемасъулиятӣ зоҳир намудааст, ки дар натиҷа хонандаи синфи 10 МТМУ №1 ноҳияи Сангвор Ш.В.Г. аз ин бемасъулиятӣ истифода бурда, рўзи 06 сентябри соли 2025 дар майдони варзишгоҳи марказии ноҳияи Сангвор нисбати К.О.З. хонандаи синфи 9 МТМУ №9 ноҳияи Сангвор суханҳои қабеҳ гуфта, зӯроварӣ намуда, вайро як зарба зада, бо ин кирдораш тартибот ва оромии ҳозиринро халалдор намудааст.
Санксияи моддаи 90 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз бист то бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500 то 1875 сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки ин барои падарону модарон дар шароити куҳистон маблағи калон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ падарону модаронро зарур аст, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондустӣ ва поксириштӣ тарбия намуда, нагузоранд, ки онҳо ба оворагардӣ, бекорӣ ва харобкорӣ машғул шаванд, ки оқибат боиси зарари руҳӣ ва молиявии онҳо гардад.
Мақсад аз чоп намудани ин мақола пешгирии дигар қонунвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад, ки аз ҷониби ноболиғон содир карда мешаванд ва дар натиҷа падару модарони онҳо, омӯзгонрон ва дигар васию парасторон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷазо мегиранд. Бинобар сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ мумкин аст, дар оянда дигар волидайн ин рафторҳоро такрор намоянд ва шояд ноболиғон аз ин бемасъулиятӣ ва беназоратӣ истифода бурда, дар кӯчаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ даст ба корҳои мамнуъ зананд.
Бинобар ин, падару модарон, нозирони минтақавӣ ва кор бо ноболиғон, инчунин масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошанд ва назорату корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам, ҷоннок намоянд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.