Ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку ва бо худ гирифта гаштани он боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудан ва ҷазо гирифтани падар гардид.
Бо қарори суди суди ноҳияи Сангвор аз 06.10.2025 сол шаҳрванд А.С.Ш. барои он бо моддаи 90 қисми 2 банди 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 15(понздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1125(як ҳазору яксаду бисту панҷ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ӯ ҳамчун падар талаботи моддаи 16 сархати 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро, ки мутобиқи он падару модар уҳдадоранд, ки ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамокуро манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд, дағалона вайрон намуда, нисбати таълими фарзанди ноболиғаш С.С.Ш. санаи таваллудаш 07 феврали соли 2007 бемасъулиятӣ зоҳир намудааст, ки дар натиҷа хонанда С.С.Ш. аз ин бемасъулиятӣ истифода бурда, ба истеъмоли маҳсулоти тамоку(нос) машғул шуда, онро бо худаш гирифта гаштааст. Падарону модарон ин шабу рӯз каме ҳам бошад, ҳангоми ба мактаб сафарбар намудани фарзандонашон ба сару либос, ҷуздонҳо, киссаҳо, рафти таҳсил, рафтору кирдорҳои онҳо аҳамият намедиҳанд ва хонандагон бошанд, аз ин беназоратӣ истифода бурда, ба ҳар гуна корҳои ношоям даст мезананд, ба дарс бе тайёрӣ ҳозир мешаванд ва бо худашон ҳаргуна маводҳои заррарасонро ба муассисаи таълимӣ меоранд, ки ин таассуфовар мебошад.
Санксияи моддаи 90 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1125 то 1500 сомониро пешбинӣ намудааст.
Аз як тараф сабаби содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур аз тарафи ҳуқуқвайронкунанда А.С.Ш. ҳамчун падар ин беаҳамиятӣ, бепарвогӣ ва дуруст ҳис накардани масъулият оид ба уҳдадориҳояш бошад. Аз тарафи дигар, ин аз ҷониби масъулини МТМУ ба таври бояду шояд ба роҳ намондани вохӯриҳою суҳбатҳо, ташвиқу таблиғоти қонунҳои ҷорӣ, аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо хонандагон ва волидайни онҳо ба шумор меравад.
Дар натиҷаи сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ мумкин аст, дар оянда дигар волидайн ин рафторро такрор намоянд ва шояд ноболиғон аз ин бемасъулиятӣ ва беназоратӣ истифода бурда, рафтори ин ноболиғро такрор намоянд.
Бинобар ин, падару модарон, нозирони минтақавӣ ва кор бо ноболиғон, инчунин масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошанд ва назорату корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.