Истиқлолият дастоварди беназири халқи тоҷик.

Бояд ёдовар шуд, ки халқи тоҷик яке аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон ба шумор рафта, ниёгони мо садсолаҳо пеш соҳиби давлату таҷрибаи бои давлатдорӣ буданд.

Давлати абарқудрати аҷдодони мо давлати Сомониён ҳанӯз 1100 сол қабл арзи ҳастӣ дошт ва ҳудуди он тамоми Осиёи Марказии имрӯза ва қисми Хуросонро дар бар мегирифт, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро дошта таҷрибаи давлатдории Сомониён то ҳанӯз истифода карда мешавад.

Давоми ҳукмронии Ҳокимияти шӯравӣ гарчанде дастовардҳо бисёр буданд, вале истиқлолияти комили давлатӣ ба даст оварда нашуда буд. Тамоми муаммоҳои халқу миллати тоҷик аз боло, аз тарафи роҳбарияти КИ ҲК Шӯравӣ ҳаллу фасл карда мешуданд, ки на ҳама вақт ба манфиати халқамон буданд.

Пеш аз ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ аксарияти давлатҳои дунё Тоҷикистонро намешинохтанд. Дигар ин ки гарчанде, ки фарзандони фидоии миллати мо дар даврони шӯравӣ ба монанди Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода ва дигарон бо хизматҳои шоёни худ баҳри таҳким ва шаклгирии ғояи миллӣ замима гузошта буданд, вале идеологияи шӯравӣ дар тафаккури мардум бартарӣ дошт.

Бинобар ин, Истиқлолият барои халқу Ватани мо беҳтарин неъмат буд, ки имконияти эҳёи давлату давлатдории миллиамонро баъди садсолаҳо ба вуҷуд овард.

Вале ҳамагон огоҳ ҳастем, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 душманони халқи тоҷик, ки аз дастовардҳои қадимаи тамаддунофари халқи мо чашми дидан надоштанд, аз худ дарак дода зери шиори демократия дар ҷомеаи навини мо шарикони худро пайдо намуда халқамонро ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркӯш кашиданд.

Оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1992 ба ҳамагон маълум аст. Зарарҳои моддию маънавии ба халқу Ватани мо расидаро ҳеҷ шаҳрванди солимақли Тоҷикистон аз ёд намебароранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ, ки ҳадафи асосии он бунёд намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад, қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Аз ин рӯ, дар он замон баргузор гардидани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 1992 ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик ҳақиқатан ҳам, воқеаи муҳими тақдирсозу ояндасоз буд.

Дар Иҷлосия беш аз 70 санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки баҳри пойдор намудани рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ, сохти конститутсионӣ ва таъмини волоияти қонун, қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, беҳтар намудани вазъии иҷтимоию иқтисодии мардум, ба роҳ мондани муносибати байналмиллалӣ равона гардида буданд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид намудани чандин тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистони Шӯравӣ дар Иҷлосияи XVI-ум нахустин ислоҳотҳои конститутсионию ҳуқуқӣ оғоз бахшида мешаванд. Минбаъд бо роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз тарафи халқ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдориро дар худ таҷассум кардааст, ки санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн хоҳем гирифт. Бо қабули ин Конститутсия мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ муқаррар  шуда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор ҷой ва мавқеи худро ба даст овард.

Инчунин, иқдомҳои бузурги Сарвари давлат буд, ки дар ин давом бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ садҳо қонунҳои ҷавобгӯ ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи навини Тоҷикистон қабул карда шуда, давлати мо воқеан ҳам, ба давлати комилан ҳуқуқбунёд табдил ёфт. Албатта ҳамаи дастовардҳои минбаъда дар роҳи таҳкими рушди қонунгузорӣ, пойдорӣ ва устувор гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва дигар ислоҳотҳои ҳуқуқӣ пеш аз ҳама аз Конститутсияи соли 1994 сарманшаъ гирифтаанд.

Боз як дастоварди бузурги дигар, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозёфтем, ин қабули Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол(24 ноябри соли 1992) аст, ки яке аз рамзҳои асосии истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ба ҳисоб меравад. Бо пешниҳоди Сарвари давлат дар маркази пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе манораи баландтарин Парчами миллӣ бо дарозии 165 метр, дарозии худи парчам 60 метр ва бараш 30 метр ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуда, ҳар сол рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Зери Парчами Миллӣ давлати тозабунёди мо ба комёбиҳои бузург ноил гардид ва халқи тоҷик ба сӯи муваффақиятҳо рӯ овард.

Ҳастии халқу миллати тоҷик дар ҷилои Парчам акси худро ёфтааст. Ранги сурх аз ҷонбозиҳою муборизаҳои халқамон барои истиқлолияти давлатӣ, адолат, ранги сафед аз бахти сафед, ҳаёти осоиштаю беғубор, ранги сабз аз ҳамешасабз ва қадима будани халқу миллати мо далолат медиҳад. Рамзи тоҷ аз мардуми сарбаланду бо фарҳанг будани мардуми мо гувоҳӣ медиҳад.

Аз дастовардҳои Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соатҳо сухан кардан мумкин аст. Зеро ки маҳз баргузор гардидани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ барои рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ заминаи боэътимод гузошт.

Ба шарофати Истиқлолият ва Иҷлосияи тақдирсоз мо имрӯз соҳиби давлат, раҳнамои халқу миллат дар шахсияти Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби муқаддастарин нишонаҳои давлатдорӣ аз қабули Конститутсия, Парчам ва Нишони миллӣ ҳастем, ки ифтихори мо ҳастанд.

Дар даврони 34 соли истиқлолияти давлатӣ ҳокимияти судӣ дар қатори ҳокимияти иҷроия ва  қонунгузор таҳкиму такмил ёфта, ҷиҳати ба амалбарории адолати судӣ ва барпо намудани адолати иҷтимоӣ имконияти воқеӣ пайдо намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон борҳо қайд намудаанд, ки тибқи меъёрҳои Конститутсия ҳокимияти судӣ  яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад.

Инчунин, дар тӯли соҳибистиқлолии давлатӣ бо ҷонбозиҳои Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо соҳиби артиши миллӣ ҷавобгӯ ба хатарҳои имрӯза дорем. Ислоҳотҳои артиши миллӣ давоми солҳои охир мунтазам идома ёфта, барои хизмати аскарону афсарон, донишандӯзии онҳо, баланд бардоштани қобилияти мудофиавии артиши миллӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд, ки ҳоло бисёри ҷавонони мо кӯшиши анҷом додани қарзи шаҳрвандӣ, яъне хизмати Модар-Ватанро доранд, ки мисоли ин сари вақт дар муддати як рӯз, яъне рӯзи аввали даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шудани ҷавонписарони ноҳияи Сангвор шуда метавонанд.

Аз ин рӯ, вазифаи муқаддастарини ҳар як шаҳрванд ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ қабл аз ҳама ин боз ҳам, мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатамон, эҳтиром кардани рамзҳои давлатӣ, риояи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хонандагони гиромӣ бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро ҳусни анҷом мебахшем. «Барои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, эҳсоси ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ бояд дар заминаи саҳеҳи ақлӣ ба вуҷуд ояд, зеро бе дӯст доштани Ватан ҳеҷ фард наметавонад инсони комил ва озод бошад. Ватанпарастӣ дар зоти худ дониш, фарҳанг, хирад ва зиракиро мехоҳад. Ватанпарастие, ки бе дониши амиқ ва бе зиракии сиёсӣ ташаккул меёбад, дар бештари мавридҳо ба як эҳсосоти қалбакӣ ва ифротгароёна табдил мешавад. Дар ин муддати кӯтоҳи муборизаҳо барои истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлатдории навин шоҳиди чунин эҳсосот ва ба истилоҳ ватанпарастӣ будем, ки ба миллату давлат зарари ҷуброннопазир овард. Аз ҳамин сабаб ман ба хулосае омадам, ки барои мустаҳкам кардани асосҳои давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ ҳисси ифтихори миллии ҷомеаро бедор кунанд. Ҳисси ифтихори миллӣ барангезандаи нерӯи созанда ва ободгар, ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии ба руҳи замон мувофиқ ва пайвандгар ба тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад».

Аз  фурсати муносиб истифода намуда, тамоми кормандони ҳокимияти судӣ ва мардуми кишвари азизамонро бо ҷашни 34-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳаряки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Бо камоли эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Сангвор                                                  Салимзода М.Д.