Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт боиси ҷазои маъмурӣ гардид.
Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 1.11.2024 сол шаҳрванд И.С.В. барои он бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5(панҷ) сол таъин карда шуд, ки ў санаи 30.10.2024 сол тахминан соати 10-00 дақиқа, баъди нӯшидани машруботи спиртӣ дар ҳолати мастӣ сари чамбараки автомашинаи тамғаи «ОПЕЛ-АСТРА» рақами қайди давлатиаш 14-51 ВС01 нишаста, онро идора намудааст. Ҳангоми ҳаракат аз ҷониби нозирони ГБДА-и ШВКД дар ноҳияи Сангвор боздошт карда шуда, ҳолати мастиаш ошкор карда шудааст.
Қарори маскур, дар қисми ҳабси маъмурӣ фавран ба иҷро расонида шуда, шаҳодатномаи ронандагии И.С.В. бо силсилаи АА 0093174 бо талони қайди ҳуқуқвайронкунии силсилаи CВ 0012321 баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори мазкур барои иҷроиш ба РШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт равон карда шуд.
Бинобар ин, ҳар як ронандаро зарур аст, ки баъди нӯшидани машруботи спиртӣ аз идора намудани воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд, то ин ки ба ҳаёт ва саломатии худ ва дигарон зарари моддию ҷисмонӣ нарасонанд.
Раиси суд Салимзода М.Д.