Вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардид.
Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 26.07.2024 сол шаҳрванд Ҳ.Н.Т. барои он бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд, ки ў санаи 19 июли соли 2024 тахминан соатҳои 18-00 дақиқа аз рўи ҳиссиёти авбошӣ дар роҳи байни деҳаи Алисурхон бо баҳонаи чорвои калони шохдор аз пушти хонаашон гузаштан нисбати ҷабрдида А.М.Ш. беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ба ў дарафтода, бо садои баланд дашномҳои қабеҳи ғайриинсонӣ ва суханҳои таҳқиромез зада, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии шаҳрвандонро тахминан 5-10 дақиқа халалдор намудааст.
Санксияи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар аз 504 то ба 720 сомонӣ ва ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарўз пешбинӣ намудааст.
Бинобар ин, шаҳрвандонро зарур аст, ки даст ба содир намудани кирдорҳои хусусияти майдаавбошидошта назананд, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои дигар шахсонро халалдор насозанд. Ҳуқуқ ва манфиатҳои дигаронро ба монанди ҳуқуқу манфиатҳои худ риоя ва ҳифз намоянд, то ин ки ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дучор нашаванд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.