Мурофиаҳои сайёри судӣ яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30.12.2023 сол, №668 дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, санаи 30 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор бо иштироки кормандони прокуратура, ШВКД дар ноҳияи Сангвор, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳо, фаъолон ва сокинони ҷамоат аз ҷониби раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.Ҳ.Қ., санаи таваллудаш 20 августи соли 1970, сокини ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Чилдара, деҳаи Чилдара барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа нисбати охирин ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7920 (ҳафт ҳазору нуҳсаду бист) сомонӣ  ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ чунин аст: шаҳрванд А.Ҳ.Қ. дидаю дониста, ки гузаронидани чунин маъракаҳо бо қонун манъ карда шудааст, санаи 21 апрели соли 2024 тахминан соати 18-00 дақиқа бар хилофи талаботи моддаи 12 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқи он ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст, амал намуда, дар манзили истиқоматии худ воқеъ дар ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Чилдара, деҳаи Чилдара маъракаи ҳоҷиталбони  шаҳрванд Қ.А.Ш-ро бо оростани дастархон ва додани таъом ба сокинони ин маҳал гузаронидаааст. Ҳол он ки ҳар як шаҳрвандро зарур аст, сарфаю сариштакориро пешаи худ намуда, баҳри беҳбудии ояндаи худ ва фарзандонаш кӯшиш намояд, на ин ки ба худнамоишдиҳию масрафкории беҳуда машғул шавад ва бо ин намуд кирдорҳои ғайриқонунӣ  ба буҷаи оилаи худ зарари моддию иқтисодӣ расонад.

Бояд ёдовар шуд, ки баргузор намудани чунин мурофиаҳои сайёри судӣ ва ташфиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Сангвор амали зарурӣ ва саривақтӣ буда, он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.

Раиси суди н.Сангвор                                             Салимзода М.Д.