АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ КАНОРА ҶӮЕМ Имрузҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, кишвари моро дар хориҷи мамлакат бисёр давлатҳо расман мешиносанд ва муносибаҳои дӯстию бародариро ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳар яки мо новобаста аз нигоҳҳои сиёсӣ, этиқод ба ин ё он дин, инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд, вазифаи муқаддаси худ донем, нагузорем, ки воқеаҳои солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ такрор ёбанд. Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ ТЭТ ҲНИ худро канор гирифта, баҳри пешбурду гулгулшукуфоии ватани азизамон саҳм гузорем…