Қаллобӣ боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва таъини ҷазо гардид! Чунончӣ, бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 4.07.2023 сол шаҳрванд Р.М.Ш. барои он бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин ќисми модда бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200(дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 12800 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 2 сол таъин карда шуда, ки ӯ санаи 14 октябри соли 2021 бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба мағозаи тиҷоратии шаҳрванд Ҷ.Ҷ.С., воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Вахиё, деҳаи Сайёд рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда маҳсулотҳои хӯроквориро, дар умум ба маблағи 4547 сомонӣ гирифта, ҷабрдида Ҷ.Ҷ.С-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати 6 моҳ пас аз фурухтан бармегардонад. Ҷабрдида Ҷ.Ҷ.С. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, бехабар аз мақсадҳои ғаразноки охирин ин маҳсулотҳоро ба судшаванда додааст. Лекин судшаванда Р.М.Ш. ин маҳсулотҳоро дар мағозааш ба шаҳрвандон фурухта, маблағи онҳоро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Ҷ.Ҷ.С-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Ғайр аз ин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 15 октябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Г.М.Р. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Дараи-Себак рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 4 сар чорвои калони шохдор ва 100кг асалро, ҷамъ ба маблағи 26000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида Г.М.Р-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як ҳафта бармегардонад. Ҷабрдида Г.М.Р. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, бехабар аз мақсадҳои ғаразноки охирин 4 сар чорвои калони шохдор ва 100кг асалро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 4 сар чорвои калони шохдор ва 100кг асалро фурухта, маблағи онҳоро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Г.М.Р-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари калони моддӣ расонидааст. Ба ғайр аз ин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 15 октябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Ш.Ҳ.Ҳ. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Миёнаду рафта, ба боварии охирин даромада, 1 сар чорвои калони шохдорашро ба маблағи 10000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 5000 сомониашро дода, фиреб кардааст, ки 5000 сомонии боқимондаашро дар муҳлати як-ду ҳафта пардохт менамояд. Вале судшаванда Р.М.Ш. ҷабрдида Ш.Ҳ.Ҳ-ро фиреб дода, маблағи боқимондаро бо ҳар баҳона барнагардонида, бо ин кирдораш ба ҷабрдида Ш.Ҳ.Ҳ. зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Инчунин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 28 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Ш.И.Ҳ. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Дараи-Себак рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 1 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 7500 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида Ш.И.Ҳ-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як-ду ҳафта пас бармегардонад. Ҷабрдида Ш.И.Ҳ. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, бехабар аз мақсадҳои ғаразноки охирин 1 сар чорвои калони шохдорро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 1 сар чорвои калони шохдорро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Ш.И.Ҳ-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Ҳамчунин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 28 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида С.С.Д. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Миёнаду рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 1 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 5100 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида С.С.Д-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як-ду ҳафта пас бармегардонад. Ҷабрдида С.С.Д. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, бехабар аз мақсадҳои ғаразноки охирин 1 сар чорвои калони шохдорро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 1 сар чорвои калони шохдорро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида С.С.Д-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Ғайр аз ин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 28 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Д.Д.Х. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Дараи-Себак рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 1 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 6700 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида Д.Д.Х-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як-ду ҳафта пас бармегардонад. Ҷабрдида Д.Д.Х. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, 1 сар чорвои калони шохдорро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 1 сар чорвои калони шохдорро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Д.Д.Х-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Ба ғайр аз ин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 28 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Ш.Р.Ҳ. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Миёнаду рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 2 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 20000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида Ш.Р.Ҳ-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як моҳ пас бармегардонад. Ҷабрдида Ш.Р.Ҳ. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, 2 сар чорвои калони шохдорро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 2 сар чорвои калони шохдорро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Ш.Р.Ҳ-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Такроран, судшаванда Р.М.Ш. тахминан санаи 29 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Ш.Р.Ҳ. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Миёнаду рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 18 зарфи пластикии асал, ки вазни умумиашон 642кг-ро ташкил медод, ба маблағи 32100 сомонӣ нархгузори карда ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ маблағашро бармегардонад. Ҷабрдида Ш.Р.Ҳ. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, 18 зарфи пластикии асалро ба маблағи 32100 сомонӣ ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 18 зарфи пластикии асалро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, Ш.Р.Ҳ-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари калони моддӣ расонидааст. Ҳамин тариқ, судшаванда Р.М.Ш. такроран дар ҳашт ҳолат аз ҷабрдидаҳо Ҷ.Ҷ.С., Г.М.Р., Ш.Ҳ.Ҳ., Ш.И.Ҳ., С.С.Д., Д.Д.Х. ва Ш.Р.Ҳ. дар маҷмӯъ ба андозаи 106947 сомониро тасарруф карда, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш ба ҷабрдидаҳои номбурда зарари моддии ҷиддию калон расонидааст. Судшаванда Р.М.Ш. дар рафти тафтишоти пешакӣ маблағи зарари моддии ба ҷабрдидаҳо расонидаашро ба андозаи 106947 сомонӣ ба пуррагӣ барқарор намудааст. Раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.