Мастӣ ва ҷазо:

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 3.07.2023 сол шаҳрванд Ќ.А.А. барои он бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5(панҷ) сол таъин карда шуд, ки ў санаи 29.06.2023 сол тахминан соати 23-30 дақиқа, дар ҳолати мастӣ сари чамбараки автомашинаи тамғаи «ТАЙОТА-ЛАНКЛУЗЕР» рақами қайди давлатиаш 41-15 ОТ01 нишаста , онро идора намудааст. Ҳангоми ҳаракат аз ҷониби нозирони БДА боздошт карда шуда, ҳолати мастиаш  ошкор карда шудааст.

Қарори маскур, дар қисми ҳабси маъмурӣ фавран ба иҷро расонида шуда, шаҳодатномаи ронандагии Қ.А.А. бо силсилаи АА 0793174 бо талони қайди ҳуқуқвайронкунии силсилаи CВ 0194449 баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори мазкур барои иҷроиш ба РШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт равон карда шуд.

Бинобар ин, ҳар як ронандаро зарур аст, ки баъди нушидани машруботҳои спиртӣ аз идора намудани воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд, то ин ки ба ҳаёт ва саломатии худ ва дигарон зарари моддию ҷисмонӣ нарасонанд.

Раиси суд                                                                       Салимзода М.Д.