Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо гардид:

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 29.06.2023 сол шаҳрванд А.Х.Б. барои он бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 50(панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 3400(се ҳазору чорсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў санаи 16 майи соли 2023 дар мағозаи тиҷоратии «Бародарон»  ба сифати фурўшанда кору фаъолият карда, дар ин вақт бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» амал намуда, ҳангоми хариду фурўши маҳсулотҳои хўрока, ки дар умум бо асъори милли 80 сомониро ташкил медодан, аз харидор С.М.С. 1000 рубли руссиро гирифта, аз ин маблағ 52 сомонӣ бақия додааст. Ҳолати мазкур аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ошкор карда шуда, дар ин хусус парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи танзими асъор ва назорати асъор муқаррар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд.

Раиси суд                                                                       Салимзода М.Д.