Гумроҳии ҷавонон аз нодонӣ сар мезанад
Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гуруҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.
Бо назардошти хавфи ҷамъиятӣ ва даҳшатнокии амалҳои террористӣ, зиддииҷтимоию зидди инсонӣ будани он, терроризмро ҳамчун феномени ҷамъиятӣ, ки истифодабарии зиддиҳуқуқии қувва ва таҳдидро ба хотири тарсонидани рақибон ва расидан ба ҳадафҳои хеш асос медонад, тасниф кардан мумкин аст. Таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳад, дар ҳамаи давру замонҳо неруҳои иртиҷоиву экстремистӣ барои нобуд намудани рақибон ва расидан ба мақсадҳои сиёсии худ аз террор ба таври васеъ истифода мебурдаанд.
Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Ташкилоти экстремистиву террористии Ал‐қоида, ДИИШ, Толибон ва ТЭТ ҲНИ‐ро зикр кардан мумкин аст, ки саркардагони онҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсиии худ бо шиорҳои авомфиребона ҳазорон ҷавонони ноогоҳро ба доми худ афканда, аз онҳо «манқурт» месозанд ва то имрӯз тавассути онҳо ҳазорон нафар одамонро қатли ом кардаанд. Дар айни замон тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд. Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро ба мақсади мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намудааст ва ҳамеша дар саргаҳи муборизони ин вабои номатлуби замон қарор дорад.
Имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.