Илоҷи ҳодиса пеш аз вуқуъ:

Шомилшавии баъзе аз ҷавонон ва шаҳрвандони калонсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта, имрӯз на танҳо кишвари моро, балки авзои ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».

Ин бесабаб нест, имрӯз ҳодисоти ҷаҳон моро бори дигар ҳушдор месозад, ки бо ин амалҳои номатлуб муборизаи беамон бурда бошем. Бо дарназардошти баланд будани хавфнокии кирдори мазкур ба ҷамъият, ин амалҳо ҷавобгарии ҷиноятиро дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Кадом гурӯҳҳо имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ эътироф шудаанд? Бояд бигӯям, ки дар асоси ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти “Ҳизб‐ут‐Таҳрир” ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Инчунин бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ташкилотҳои зерин террористӣ ва экстремистӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст:

“Ал‐Қоида”, “Ҳаракати Туркистони шарқӣ”, “Ҳизби исломии Туркистон”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тойиба”, “Гурўҳи исломӣ”, “Ҷамъияти Исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ‐миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “24 бародарон”, «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Салафия», «Ансороллоҳ», «Ҷундуллоҳ», ва «Давлати исломӣ»…. мебошанд, ки фаъолияти ташкилотҳои зерин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Зеро ҳадафи асосии фаъолияти ин гурӯҳҳо дар ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун намудани сохти конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст мезананд. Ҳол он ки дини мубини Ислом ҳаргиз мусулмононро ба содир кардани ҷиноят нисбат ба инсон ҳидоят накардааст. Ислом покизагӣ, росткорӣ ва ростгӯиро талаб менамояд.  Барои ҳамин ҳам, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои давлату ҷамъият фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарони мо низ дарди ҷонсӯзи миллату  ватан гардидааст. Ғайр аз ин, рафтани онҳо ҷиҳати иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона ба ҷумҳуриҳои Исломии Покистон, Афғонистон, кишварҳои Сурия ва Ироқ ба қайд гирифта мешаванд, ки ташвиши аҳли ҷомеаро ба бор оварда, воқеан, ба амнияти миллӣ ва ояндасозии кишвар таҳдид мекунад.

Таҳлили сабабу шароитҳои ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дар воқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонанд. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Барои ҳамин ҳам, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамъият як қатор чорабиниҳо амалӣ гардида истодаанд, ки то бо ин зуҳуротҳои номатлуб муборизаи беамон бурда бошем.

Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар мебошад. Дар ин радиф, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои беруна низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Имрӯз бояд ҳар яки мо дарк кунем, ки ин гурӯҳҳои хусусияти террористиву экстермистӣ дошта, мақсадҳои нопок доранд. Барои ҳамин ҳам, бояд ҳар яки мо бо ин хатарҳо мубориза барем.

Бешубҳа, имрӯз экстремизм ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем. Пас бояд, меъёри аслии шинохти мо, аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангиамон бошад.