Бо телефони мобилӣ ба дарс ҳозир гардидани фарзанд боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудани падар гардид.

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор шаҳрванд Н.И.М. барои он бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 320 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў бар хилофи талаботи моддаи 8 сархати 12-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки мутобиқи он падару модар уҳдадоранд, ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд, амал карда, дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш- Н.С.И. санаи таваллудаш 27.06.2005 сол бемасъулиятӣ зоҳир намудааст, ки дар натиҷа аз ин бемасъулиятӣ ноболиғ Н.С.И. истифода бурда, бо худаш телефони мобилиро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оварда, мавриди истифода қарор додааст.

Санксияи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷазоҳоро дар намуди огоҳӣ ва ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ намудааст.

Аз як тараф сабаби содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур аз тарафи ҳуқуқвайронкунанда Н.И.М. ин беаҳамиятӣ, бепарвогӣ ва  дуруст ҳис накардани масъулият оид ба уҳдадориҳояш бошад. Аз тарафи дигар, ин аз ҷониби масъулини МТМУ ба таври бояду шояд ба роҳ намондани вохўриҳою суҳбатҳо, ташвиқу таблиғоти қонунҳои  ҷорӣ, аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо хонандагон ва волидайни онҳо ба шумор меравад.

 Дар натиҷаи сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ мумкин аст, дар оянда дигар волидайн ин рафторро такрор намоянд.

Бинобар ин, падару модарон ва масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошанд ва қабл аз ба МТМУ сафарбар намудани фарзандон сару либос ва ҷуздонҳои онҳоро азназар гузаронанд, то ин ки бо ашёҳое, ки бурдани онҳо ба МТМУ мумкин нест, ба маҳали таҳсил равон нагарданд.

   Раиси суди

ноҳияи Сангвор                                                Салимзода М.Д.