Муаммои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. “Террорист ё экстремист давлат, миллат, нажод ва дин надорад”. Терроризм ва ифротгароӣ як зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш‐таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйироти сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Дар марҳалаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни шаҳрвандон нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳайёти сиёсӣ, иқтисодӣ‐иҷтимоии Ватан канораҷўӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобкориро пеша карданд.

Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти “гўё динӣ” гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” шарҳ медиҳанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсади душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд. Аниқтараш супоришҳои хоҷаҳо ва сапарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдорӣ, дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш, талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурўҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолаи шаҳрвандӣ, Истиқлоли миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем. Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳамчун шаҳванди кишвар дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият Истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоиш кард, балки дар амал бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳа таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон саҳмгузор бошем. Бетарафӣ ҷаҳолат аст!