ВАҲДАТИ МО ҶОВИДОН БОД!
Дар кишварҳое, ки байни шаҳрвандонаш ҷанги байнихудӣ сар мезанад, муноқиша ба осонӣ хомӯш намегардад. Мисоли инро мо дар симои кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон Афғонистони имрӯза ё ин ки давлати Сурия мушоҳида карда метавонем.
Ватани азизи мо ҳам ба гирдоби чунин даҳшат кашида шуда буд. Хушбахтона дар натиҷаи талошҳои ҷоннисоронаи сардори давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москав бо ҳузури намояндаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид бо сарвари гурӯҳи мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ созишномаи истихрори сулҳ ба имзо расид. Албатта он ба осонӣ муяссар нагашт. Гуфтугӯҳои тӯлонӣ, якчанд сол сипарӣ шуд то ки чунин рӯз фаро расад.
Мардуми мо аз ин ҷанги зидди якдигарӣ фаҳмиданд, ки то якдигарфаҳмиву сулҳ набошад, бадбахтӣ давом хоҳад ёфт. Ин буд, ки бо партави роҳнамоии роҳбари кордону хирадманди худ дасти муросову мусолиҳаро ба ҳам дароз карданд.
Имсол 26-умин сол аст, ки мо бунёди Ваҳдати миллиро ботантана ҷашн мегирем, ки он ба арафаи 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд. Дар чунин лаҳзаи барои миллати тоҷик фараҳбахш зикр карданиам, ки ободонӣ аз муттаҳидиву якдилӣ оғоз мешавад, ки натиҷаи онро мо дар симои сабзу хуррами диёри худ мебинем.
Бигзор ҳамин Ваҳдати мардумони мо ҷовидон поянда бимонад.