Бадқасдона саркашӣ намудани падар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани шахс гардид!
Бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 3.04.2023 сол шаҳрванд С.Ф.М. барои он бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1(як) сол бо адо кардани ҷазо дар каллонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуд, ки номбурда моҳи августи соли 2011 бо тариқи никоҳи мусалмонӣ бо ҷабрдида Х.Ф.А. оила бунёд намуда, дар рафти зиндагии якҷоя онҳо соҳиби ду нафар фарзанд; С.Ш.Ф. санаи таваллудаш 08 июли соли 2013 ва С.А. санаи таваллудаш 26 сентябри соли 2018 гардидаанд. Бо сабаби мувофиқ наомадани хислатҳояшон онҳо аз ҳам ҷудо шуда, фарзандонашон дар тарбияи ҷабрдида Х.Ф.А. мондаанд. Аз ин рў дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Сангвор аз 10 марти соли 2020, даъвои Х.Ф.А. ба ҷавобгарии С.Ф.М. дар бораи муқаррар намудани падарӣ қонеъ карда шуда, падарии С.Ф.М. нисбати фарзандонаш муқаррар гардида, аз ҳисоби С.Ф.М. ба фоидаи Х. Ф.А. барои таъминоти ду нафар фарзанди ноболиғашон ҳар моҳ ба тариқи устувор барои ҳар як фарзанд ба андозаи 140 (як саду чил) сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 280(дусаду ҳаштод) сомонӣ, аз санаи 20 январи соли 2020 сар карда, то ба синни балоғат расидани фарзандонашон алимент ситонида шудааст. Аммо судшаванда С.Ф.М. ҳуқуқу манфиатҳои кўдакони хўрдсолро дағалона поймол карда, бар хилофи талаботи моддаи 80 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бадқасдона бидуни ягон сабаби узрнок аз иҷрои ҳалномаи суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғаш муддати 15(понздаҳ) моҳ саркашӣ намуда, ба огоҳиҳои якчандкаратаи иҷрочии хадамоти иҷро дар ноҳияи Сангвор дар хусуси сари вақт пардохт кардани маблағҳои қарзи алимент эътибор надодааст, ки дар натиҷа маблағи алименти насупоридаи ў 4189(чор ҳазору яксаду ҳаштоду нуҳ) сомониро ташкил додааст. Судшаванда С.Ф.М. дар рафти тафтишоти пешакӣ ва дар рафти мурофиаи судӣ аз пардохт намудани маблағи қарзи алимнҳояш саркашӣ намуда, изҳор намуд, ки ў ин маблағро пардохт намекунад.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.