Қ А Р О Р

аз 03-уми феврали соли 2023                                                                н.Сангвор

Раиси суди  ноҳияи  Сангвор  Салимзода М.Д. дар маҷлиси ошкорои сайёри  судӣ дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда: А.Ш. санаи таваллудаш 19 декабри  соли 1955, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Тавилдара, деҳаи Тавилдара, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи махсус, ихтисосаш муҳандис-сохтмончӣ, соҳибкор, оиладор соҳиби 9 нафар фарзанди болиғ, қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудааст, бо моддаи 481 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дода,–

муайян   кард:

Ҳуқуқвайронкунанда А.Ш. санаи 23 январи соли 2023 тахминан соати 18-00 дақиқа бар хилофи талаботи моддаи 12 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқи он ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст, амал намуда, дар манзили истиқоматии худ воқеъ дар ноҳияи Сангвор, деҳаи Тавилдара маъракаи ҳоҷизиёратро бо оростани дастархон дар се ҳуҷраи истиқоматӣ ва бо додани таъом гузаронида, бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии дар моддаи 481 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда А.Ш. дар рафти маҷлиси судӣ худро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, баёнот дод, ки ў санаи 5 январи соли 2023 барои зиёрати “Хонаи Худо” ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар кардааст. Баъди зиёрат, санаи 21 январи соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, рўзи 23 январи соли 2023 ба ноҳияи Сангвор омадааст. Бегоҳии ҳамон рўз, хешу табор ва ҳамдеҳагонаш тахминан 25-30 нафар ба манзили истиқоматии ў бо мақсади ҳоҷизиёрат омадаанд. Аз рўи нофаҳмӣ, ў ин шахсонро дар се ҳуҷраи истиқоматӣ бо оростани дастархон зиёфат додааст. Аз ин рў, ў худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморида, афсус мехўрад. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабуктар таъин карда шавад.   

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда А.Ш. бо моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз нишондоди худиқрории ў, ҳамчунин бо дигар маводҳои парванда, аз қабили; протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати А.Ш., қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баёноти хаттии ҳуқуқвайронкунанда А.Ш., маълумотномаи ҷои зист ва ҳайати оилаи А.Ш., нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкор, суратлавҳа оид ба рафти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баёнотҳои хаттии шоҳидон Т.Ҷ.Қ., К.А., Ш.Ғ.И., Х.М.М., Б.А.Ҷ. ва дигар далелҳои дар қабати парвандаи маъмурӣ гирдовардашуда тасдиқ мегардад.

Аз ин рў, судя кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда А.Ш-ро бо моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ намудааст, банду баст менамояд.

Ба сифати ҳолатҳое, ки нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.Ш. ҷазоро  сабук мекунанд, мувофиқи муқаррароти моддаи 49 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шумор меравад.

Тибқи моддаи 50 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро вазнин мекунанд, судя дар кирдори А.Ш. пайдо накард.

Санксияи моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷаримаро ба андозаи ҳафтсаду панҷоҳ  нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ  намудааст.

Мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 12 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст, бояд чунин ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъйин ва татбиқ карда шаванд, ки барои ислоҳи ў ва пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дигар аз ҷониби ҳамин шахс ё шахсони дигар зарур ва кифоя бошанд.

Бинобар ин, судя ҳангоми интихоб ва таъини намуд ва андозаи ҷазо, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолати содир намудан ва оқибатҳои ба вуҷудомадаи он, шахсияти гунаҳгор, вазъи оилавиашро ба назар гирифта, ба хулоса омад, ки нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.Ш. ҷазои ҷаримаро дар  доираи санксияи моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамуда, таъин намояд. 

Дар асоси овардаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 135, 140-142, 148-150   Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя-

қарор  кард:

А.Ш. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 750(ҳафтсаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 51000 (панҷову як ҳазор) сомонӣ  ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Аз хусуси қарори мазкур дар муҳлати даҳ шабонарўз аз лаҳзаи ба ҳуқуқвайронкунанда супорида шудан ё нусхаи қарорро гирифтани ў тавассути ҳамин суд ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

Судя                                                                                       Салимзода М.Д.