Вохурию мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор: Санаи 8 феврали соли 2023 Раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д. дар байни сокинони Ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор дар мавзўҳои ҳисси миллӣ ва масъулиятшиносӣ, аҳамияти сулҳу ваҳдат дар рушду нумўи давлатдории миллӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022, масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм-экстремизм, коррупсия, шомилшавии шаҳрвандон ба гурўҳҳои экстремистӣ, гардиши гайриконунии маводи мухаддир, амалӣ намудани чораҳои идеологӣ-таблиғотӣ вобаста ба таҳкими сулҳу суббот, амнияти кишвар ва ташаккули мафкураи зиддитеррористиву зиддиэкстремистидошта, инчунин оид ба пешгирии вайроншавии оилаҳо ва зўровари дар онҳо, баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.