Чанд андеша перомуни таҳқиқоти Абдуллоҳи Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”

Аҷдоди тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагӣ карда, халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд.

Пас аз дарёфти истиқлолияти давлатӣ раванди ташаккул ва шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон тавассути роҳу воситаҳои мухталиф сурат гирифт, ки яке аз навъҳои асосии онро ба роҳ мондани ислоҳоти сиёсӣ ташкил медиҳад. Чи тавре муҳаққиқон менависанд, ислоҳоти сиёсӣ ҳамчун унсури фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ буда, таъсири назарраси худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар навбати худ, истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият мебахшанд, мерасонад.

Агар ба таърих назар намоем, Истиқлолияти тоҷикон нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шуравӣ арзи ҳастӣ намуда, имрўз бо маром ташаккул ёфта истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷомеаи ҷаҳони муосир ҳамчун узви комилҳуқуқ эътироф гардида, сиёсати байналмилалии худро дар асоси принсипҳои умумибашарии ба таври осоишта ҳаллу фасл намудани тамоми низоъҳо роҳандозӣ намуда истодааст, ки яке аз муваффақиятҳои муҳимми сиёсати байналмилалии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Лозим ба қайд аст, ки дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ҳудуди ҷуғрофии он, чандин маротиба тағйир дода шуда, ин тағйиротҳо давоми ҳукмронии Иттиҳоди Шўравӣ бо ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқӣ расман тасдиқ гардида, то имрўз маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Аз ҷумла, бино ба маълумоти коршиносони соҳа, тақсимоти ҳудуди сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон низ дар таърих бо бастани созишнома ва ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ мустаҳкам карда шудааст. Аммо бо вуҷуди тақсимоти марзию ҷуғрофӣ имрўзҳо давлати ҳамсояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон даъвои заминҳои таърихии Тоҷикистонро пеша намуда истодааст, ки таърихан хато мебошад.

Илова намудан бамаврид аст, ки то имрўз то андозае, ки мо медонем ва таҳлил намудем, тавассути расонаҳои хабарӣ ва маъхазҳои интернетӣ ба таври лозима муаммои мазкур матраҳ нагардида буд.

Ин буд, ки чанде қабл бо таҳқиқоти илман асоснокшудаи коршиноси ватанӣ Абдуллои Раҳанамо оид ба моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзўи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?“, аз наздик шинос гардидам.

Ҳарчанд, бо таърихи пурраи масъалаи мазкур пурра ошно набудем, ҳамчун ҳуқуқшинос ба таҳлилҳои овардашуд баҳое хеле баланд медиҳем ва андеша дорем, ки имрўз бояд ҳар як фарди бонангу номуси миллати таърихии тоҷик бояд бо мазмун ва муҳтавои ин таҳқиқот пурра шиносоӣ пайдо намояд, зеро чӣ тавре иброз намудем, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва маъхазҳои интернетӣ на ҳама вақт мо метавонем маълумоти заруриро дастрас намоем. Дар ҳоли дастрас намудан, ба илман ё таърихан асоснок будани онҳо шубҳа ба миён меояд. Бисёр бамаврид аст, ки дар ин таҳқиқот тамоми ҷабҳаҳои баҳси марзӣ дар асоси далелу рақамҳои мушаххас рўи қоғаз оварда шудаанд.

Чи тавре коршинос дуруст иброз медорад, сабаби асосии паҳн гардидан ва шиддат гирифтани низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои давлатҳои пасошӯравӣ пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ ба шумор меравад ва Ҳукумати Тоҷикистон ва умуман мардуми шарифи кишварро зарур аст ба ин масъала диққати асосиро равона созанд.

Истиқлолияти комили давлатдории Тоҷикистон исбот намуд, ки кишвари мо дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон медорад, аммо дурнамои ин раванд нишон медиҳад, ки давлат ва ҷомеаи муосири тоҷик бояд ягон вақт ҳушёрии зиракии худро дар ин маъала аз даст надиҳад.

Илова менамоем, ки то ин дам оид ба масъалаи мазкур андешаҳои печ дар печ ва илман асоснок нашуда рўи расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Қирғизистон рўи кор омада истодаанд, ки афсўс онҳо натиҷаи хуб надоранд.

Барои ҳамин, мо андеша дорем, ки пеш аз даъвои ягон амал намудан, бояд ҳар як фарди солимфикр бояд андешаҳои худро асоснок намояд ва даст ба кирдорҳои иғвобарангезанда назанад.

Муаллифи таҳқиқот хеле дуруст андешаронӣ менамояд, ки тамоми масъалаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон аллакай аз аввали солҳои 1924 бо ҳуҷҷатҳои расмии роҳбарияти олии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ барррасӣ ва тасдиқ гардида, минбаъд тағйир додани он метавонад ба низоъҳои байнидавлатӣ оварда расонад.

Барои ҳамин, умед бар он медорем, ки ҳар як фарди кишварро зарур аст, бо ин таҳлили илмӣ-таърихӣ ва нишондиҳандаҳои асоснокшудаи Абдуллои Раҳнамо коршиноси муваффақи ватанӣ аз наздик шинос бояд бошанд ва мо нагузорем, ки бе асоси ҳукуқӣ масъалаи баҳси марзӣ ҳаллу фасли худро ёбад.