Табиатро ҳифз бояд кард!

Тибқи талаботи моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи табиат вазифаи ҳар як шахс аст.

Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ҳаёту фаъолияти мардуми Тоҷикистон истифода бурда шуда, таҳти муҳофизати махсуси давлат қарор дорад.

Мутаасифона ҳастанд нафароне, ки инро ба инобат нагирифта, бераҳмона буттаю дарахтони сабзро бурида ба фазои экологии кишвар таъсири манфӣ мерасонанд. Вобаста ба ин чанде қабл суди ноҳияи Сангвор парвандаи ҷиноятиеро баррасӣ кард, ки бар асоси он Одилов Ш.С. истиқоматкунандаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Чилдара, деҳаи Шакоб барои ғайриқонунӣ буридани дарахтони сабзу хуррам маҳкум шуд.

Тафтишот муайян кард, ки номбурда санаи 15 октябри соли 2020 бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2019, таҳти №790 амал намуда, аз мавзеи Амрутаки наздикии деҳаи Бушолак як адад дарахти сояафкани сабзи “Сафедор” (қутраш 75 сантиметра)-ро бо мақсади ҳезум кардан бурида, маҳф намудааст. Мувофиқи хулосаи муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор зарари расонидаи Одилов Ш.С. маблағи 1860 сомониро ташкил медиҳад.

Суд маводи парвандаро омӯхта, кирдори судшавандаро бо моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ буридани дарахт, буттаҳо……) банду баст намуд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор Одилов Ш.С. бо моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 180 соат давомнокии иҷрои он на зиёда аз 4 соат дар як рӯз таъин карда шуд.