08 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Сангвор бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони суд маҷлиси тантанавӣ баргузор карда шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ,Раиси суд вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, таъкид карда шуд, ки дар даврони истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи ҳисси бедориву худшиносии миллӣ,махсусан, густариши эҳсоси ватандӯстиву зебоишиносии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида истодааст.

Натиҷаи дастовардҳои Истиқлолият аст, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣба ободиву созандагии арзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

Имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор аз он доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.

Ҳамакнун,Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон ба сифати пешсафи фаъоли ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст.