ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ОМИЛИ ХЕЛЕ ХАТАРНОК ДАР МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳони ҳастӣ аз замони пайдоиш то ба имрӯз сол аз сол рушду пешрафт намуда, ба инсонҳо шароити хуби зиндагӣ фароҳам шуда истодааст. Аммо дар баробари ин ҳама пешравиҳо ҷаҳони имрӯзаро як қатор омилҳои хавфноку хатарзо фарогир шуда, таҳдиди ин хатарҳо танҳо бар зарари миллатҳо ва одамони он пешбинӣ шудааст.

Яке аз ин хатарҳои хавфноку нигароникунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тероризм ва экстремизм ба ҳисоб рафта, амалҳои террористи ва экстремистӣ амали номатлуб дониста шудааст. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифродгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор рафта, ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон кардааст. Бинобар ин, ҳамаи қишри ҷомеаро зарур аст, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо намуда, муборизаи ҷоннок намоянд. Терроризм ва экстремизм ин худ шакли пинҳонии хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва динӣ буда, он пеш аз ҳама, ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Он аз нуқтаи назари ҳуқуқ содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ва амалҳои зарароварро ба миён меорад. Имрӯзҳо терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо террорризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ афзоиш ёфтааст. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Тавре огаҳем, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии сарвари сулҳхоҳу сулҳпарвараш ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт пайваста тадбирандешӣ менамояд. Гурӯҳҳои террористиро ифротгарён ташкил медиҳанду вобста ба ҳар роҳе нафарони нохудогоҳро ба сӯи худ мебаранд. Сарчашмаи тамоми бадбахтиҳо ва носозиҳо ин бехабар будан аз худогоҳии миллӣ, нарасидан ба қадри гузаштагони худ ва саводи кофӣ надоштан аз дину таърихи хеш, инчунин бепарво будан нисбат ба неъмати бебаҳо, яъне меҳану давлат шаҳодат медиҳад. Бояд зикр намуд, ки ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул нахоҳем кард, зеро он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол менамояд. Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, амнияти минтақа ва ҷаҳонро таҳдид менамояд. Ватан-модар ба ҳеҷ ваҷ хиёнаткорро намебахшад. Мутаасифона ватани мо низ аз хиёнаткорон орӣ набуда, ин нафарон мақсадҳои нопоки худро бо фармони хоҷагони худ сӯиистифода аз дини мубини ислом амалӣ менамоянду пайваста баҳри нооромиву вайрон намудани давлати ободамон талош меварзанд. Аммо давлату миллати мо муттаҳид буда, ҳеҷ вақт ин хоинони зархарид ба мақсади нопоки хеш намерасанд. Имрӯзҳо мебинем, онҳо аз хориҷ истода лоф аз ватанхоҳӣ мезананду бо суханҳои пучу бемаънияшон танҳо организми хунхори худро сер мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳҳои террористӣ дар олам зиёд буда, ҳар яки онҳо паи амалу мақсадҳои нопоку нанговар амал менамоянд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусиятҳои миллӣ ва глобалӣ касб намуда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн кардааст. Ва барои аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Вобаста ба ин замоне расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми кишварҳои олам дар якҷоягӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд ва давлатҳое, ки аз зуҳури чунин гуруҳҳо манфиатдоранд аз амалҳои зиддибашарии худ даст кашанд. Ин иқдом боиси аз байн бурдани оби чашми кӯдакони парешон, гиряи модарон дар кишварҳои зери сояи ҷанг хоҳад шуд. Бо ин васила мо метавонем барои ояндагон сарзамини ободу осоишта ва ори аз қатлу кушторро ба мерос гузорем.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ аст. Бинобар ин, барои пешгирӣ намудани амалҳои ноинсонӣ, сар карда аз тамоми сохторҳои марбута, ниҳодҳои фарҳангиву сиёсӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҳама шаҳрвандони ватанпарварро мебояд, беш аз пеш бо ҳар роҳу воситаҳо ин зуҳуроти номатлубро бартараф намоем. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҷангҷӯву ҷангхоҳ набошем, то насли имрӯзаву ояндаи ин сарзамин, ин ҷаҳон дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад.