Суннати оиладорӣ суст шудааст?

Мардуми мо духтари 18 соларо келин мекунанд, аммо аз ӯ рафтору кирдору гуфтори зани 30-40 соларо интизор ҳастанд. Духтари 18 сола ҳеҷ гоҳ наметавонад фаҳмишу идроки хушдомани 40-45 соларо дошта бошад. Келинро бояд тарбия кард, барои камбудӣ ва иштибоҳоташ на сарзаниш ва ҷазо, балки насиҳат кардан лозим аст. Мушкилоти асосии ҷомеаи мо ҳамин аст, ки бархе дар симои келин ғулом ва ё хизматгорро мебинанд.  Садои кафкӯбӣ аз ду даст аст. Ягон духтар барои хушдомани хуб келини бад намешавад.

Хушунат зуҳуроти нав нест. Замони пеш низ занон мавриди хушунат қарор мегирифтанд. Аммо солҳои пеш аз мушкилоти оила даҳон кушодан айб дониста мешуд. Пештар занону бонувон гапи хонаро ба кӯча намебароварданд, ин кирдорро барои худ ор медонистанд. Имрӯз, ки акнун аксарият дарк намуданд, ки хомӯш истодан дар муқобили хушунат на ҳама вақт пайомади хуб дорад, шумораи муроҷиатҳо низ афзоиш ёфта истодааст. Дар бораи он ки гӯё зани тоҷик камтаҳаммул шудааст ва дар қиёс ба солҳои пеш дурбин нест, иддао зиёд аст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки таҳаммул низ дар баробари хушунат роҳи наҷот набуда, оқибатҳои нек надорад ва ин зуҳурот бояд саривақт пешгирӣ шавад. Ин гурӯҳ дар ин замина шумораи парвандаҳои ҷиноятиро, ки дар натиҷаи сабру таҳаммул дар муқобили хушунат чандин нафар занон аз ҳаёт маҳрум шуда, даҳҳо нафар ба бемориҳои вазнин гирифтор шудаанд, далели муҳим медонанд.