Соҳибистиқлолӣ бо манофеи умумилӣ пайвандӣ дорад. Вақте ки мардум дар атрофи идеяи миллӣ ва ормонҳои мардумӣ сарҷамъ мешаванд, метавонанд бо ифтихор аз соҳибистиқлолӣ сухан гӯянд. Вақте ки тафаккури миллӣ осеб дид, ҳарфи ватандорӣ ба гӯшаи фаромушӣ меравад.

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз дар кишвари мо ба рушди босуботи пешрафти иқтисодиёт, фарҳангу маориф, илму техника диққати аввалиндараҷа дода мешавад.  Ҳамаи ин муваффақиятҳо ва дастовардҳои пайваста ба сулҳу субот ва оромии кишвар сахт вобастагӣ дорад, ки ба шарофату ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи Ватан ба даст омадаанд. Маҳз Ваҳдат ва суботи ҳамешагӣ аст, ки сол то сол бештар аз пештар дар тамоми соҳоти кишвар дастовардҳои назаррасу бесобиқа ба чашм мерасанд.

Ин талоши пайгирона ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда, фароҳамсозии шароит барои ободкориву бунёдкорӣ моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон хушбин месозад. Бояд гуфт, ки чанд соли охир барои мардуми сарбаланди кишвари мо соли дастовардҳои бузург буд, аммо мутаассифона, бадхоҳони миллату давлати мо пешравию гулгуншукуфии Тоҷикистонро намехоҳанд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол халал эҷод намоянд. Ба он воқеаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меоянд, баҳои муғризона дода, мардумро ба иғво даъват мекунанд. Сулҳу суботи кишвар олитарин дастоварди миллат дар ҳар давру замон аст. Ҳимояи сулҳ ва осмони софу беғубори Ватан ба иттиҳод ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ва сарҷамъии сокинон сахт вобаста мебошад. Бинобар ин, мо бояд бештар аз пештар масъулият эҳсос намоем, ки ба тарбияи миллӣ-ватандӯстии насли наврас эътибори ҷиддитар диҳем. Ватан муқаддас аст ва ҳифзи марзу бум, сулҳу субот ва оромии он вазифаи  ҷонии ҳар як фарди бонангу ори мост. Мусаллам аст, ки дониш барои насли наврас омили нахустини дунёшиносиву огоҳӣ, қадам бардоштан дар ҷодаи ибтикорҳо, масъулиятшиносӣ, дарки амиқ, талоши бомаврид ба хотири худу ҷомеа, иродаи ба қонун, бо шеваи некбинона назар кардан ба зиндагӣ, арҷ гузоштани инсон ва ҷойгоҳи он дар ин замони моҷарроҳову бархурдҳои диниву мазҳабӣ ва дар маҷмӯъ сохтани тафаккури растагор дар худ аст.