Пешниҳод

Ҷиҳати пешгирӣ аз хушунат ва пайомадҳои ин зуҳурот аз ҷониби коршиносон, таҳлигарон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ чанд пешниҳод ироа шуд, ки фишурдаашро ин ҷо зикр мекунем:

1. Дар самти баланд бардоштани тарбияи фарзандон дар оила корбарӣ шавад. Моҳияти Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба таври зарурӣ фаҳмонида шуда, оқибати беаҳамиятӣ дар тарбияи фарзандон  ба волидон мавриди тавзеҳ қарор дода шавад.

2. Синни никоҳ боло бурда шавад, то ҷавонон ба зиндагии мустақилона пурра омода шаванд.

3. Корҳои идеологӣ дар маҳалла ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа вусъат дода шавад.

4. Барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ бо мулоқоту мизи мудаввар иқтифо накарда, роҳҳои муосири корҳои тарғиботӣ истифода шавад. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи ҷучоршавӣ ба хушунат паст аст, бо назардошти арзишҳои миллӣ мавриди татбиқ қарор гирад.

5. Омӯзиши фанни “Маърифати оиладорӣ” дар барномаи мактаб ва донишгоҳҳо такмил ва таҷдид шавад .

6. Дар самти  баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон иқдоми зарурӣ роҳандозӣ гардида, ҷиноят ва гуноҳ будани хушунат фаҳмонида шавад.

7. Зимни корбарӣ дар самти мубориза бо хушунат аз хусусияти мавсимӣ даст кашида,  барои пешгирӣ аз хатарҳои ин зуҳурот давоми сол пайваста корбарӣ шавад.