ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқ ва ташкилии дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ                    

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосй Дар Қонуни мазкур мафхумҳои асосии зерин истифода мешаванд: дастрасӣ ба иттилоот — ба даст овардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;

2) иттилоот оид ба фаъолияти судҳо — иттилооте, ки аз ҷониби судҳо дар доираи салоҳияташон омода карда шудаанд, санадҳои суди вобаста ба парвандаҳои мушаххас ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд;

3) судҳо — Суди конститутсионй, Суди Олй, Суди Олии иқтисодй, Суди ҳарбй, Суди Вилояти Мухтори Кӯхдстони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқгисодии Вилояти Мухтори Кухдстони Бадахшон, судҳои иқгисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, ки низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд;;

4) истифодабарандаи иттилоот — шахси воқей ё ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро дархост менамояд, ба даст меорад ва истифода мебарад;

5) санади судӣ — фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарор, ки бо тартиби мурофиаи судии конститутсионй, гражданй, оилавй, иқгисодӣ, ҷиноятй ва ҳуқуқвайронкунии маъмурй, ки қонушузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бароварда шудаанд.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба дастрасии истйфодабарандаи итшлоот оид ба фаъолияти судҳо вобастаанд.
Агар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳоди иттилоотро пешбинй иамояд, муқаррароти Қонуни мазкур бо назардошти талаботи он татбиқ мегарданд. .

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи
дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
Принсипҳои дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз инҳо иборатанд:
1) қонуният;
2) ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) саҳеҳ будани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;
4) озодона ҷустуҷӯ кардан, дастрас ва паҳн намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) риоя намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кории онҳо, сирри тиҷоратй, ҳуқуқҳои ташкилотҳо оид ба ҳифзи эътибори кории онҳо;
6) риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ ҳангоми пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;
7) манъи дахолат ба фаъолияти судҳо ҳангоми дархост намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо.

Моддаи 5. Махдудиятҳои дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
Дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо махдуд карда мешавад, агар иттилоот ба маълумоти дорой сирри давлатй ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мансуб бошад.
Номгӯй ва тартиби ба иттилооти дастрасиашон махдуд мансуб донистани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 6. Тарзҳои дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
Дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тарзҳои зерин амапй карда мешавад:
1) иштироки шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳо дар мурофиаҳой ошкорои суди;
2) интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма;
3) интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар сомонаи судҳо;
4) ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо;
5) ба истифодабаранда додани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонй нигоҳ дошта мешаванд ё шинос намудани истифодабаранда бо онҳо;
6) бо дархости истифодабарандаи иттилоот ба ӯ пешниҳод намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;
7) бо тарзҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 7. Шаклҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар шакли шифохд!, хатгй, электронӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ухдадориҳои истифодабарандаи иттилоот
Истифодабарандаи иттилоот ҳуқуқ дорад:
1) иттилоотро оид ба фаъолияти судҳо ба даст оварад;
2) зарурати ба даст овардани иттилооти дархостшударо оид ба фаъолияти судҳо, ки дастрасй ба он махдуд намебошад, асоснок накунад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинй нашуда бошад.
Истифодабарандаи иттилоот уҳдадор аст талаботи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумхурии Тоҷикистонро риоя намояд.
БОБИ 2.
ТАШКИЛИ ДАСТРАСЙ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО ВА ТАЛАБОТ ҲАНГОМИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ОН

Моддаи 9. Ташкили дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
Ташкили дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо назардошти талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо дар доираи салоҳияташон амалй карда мешавад.
Раиси суд бо мақсади ташкили дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо шахси ваколатдорро таъин намуда, ҳукуқ ва ухдадориҳои ӯро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 10. Ташкили дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионй Судҳо барои интишори иттилоот оид ба фаъолияти худ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионй сомоиаҳоро бо нишон додани суроғаҳои электронй, ки тавассути онҳо дархост ирсол кардан мумкин аст, ташкил менамоянд.

Моддаи 11. Талабот ҳангоми дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
Талабот ҳангоми дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз инҳо иборат мебошанд:
1) саҳеҳ будани иттилооти пешниҳодшаванда;
2) риоя намудани муҳлатҳо ва тартиби пешниҳоди иттилоот;
3) аз иттилооти пешниҳодшаванда оид ба фаъолияти судҳо хориҷ намудани маълумоте, ки дастрасй бд он махдуд аст;
4) ташкил намудани шароити моддию техникии зарурй барои амалй намудани ҳуқуқи дастрасй ба иттилоот,

БОБИ 3. ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

Моддаи 12. Иштирок дар мурофиаҳои судӣ
1) Шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мурофиаҳои ошкорои суди иштирок дошта бошанд, инчунин рафти маҷлиси судиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунхузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт намоянд.
2) Тартиби иштироки шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар мурофиаи судӣ, толорҳои маҷлиси судй ва бинои судҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд, муқаррар карда мешавад.

Моддаи 13. Интишори иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
Интишори иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» амалй карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 14. Ҷойгир кардани иттилоот оид ба фаъолияти судқо дар сомонан судҳо
1. Дар сомонаи судҳо иттилооти зерин ҷойгир карда мешаванд:
1) иттилооти умумй дар бораи суд:
-номи суд, суроғаи почтавй, суроғаи электронӣ, рақами телефоне, ки тавассути он иттилооти хусусияти маълумотидошта гирифтан мумкин аст;
-сохтори ташкилии суд;
-саяоҳияти суд;
-номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд;

-дастурамал оид ба коргузорй дар»судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти дохилии судро танзим менамоянд;
насаб, ном ва номи надари раиси суд, муовинони раиси суд, судяҳо, роҳбари дастгоҳи суд, дар мавриди розй будани шахсони мазкур маълумоти дигар дар бораи онҳо;
-номгӯи системаи иттилоотй ва махзани маълумоте, ки дар ихтиёри суд мебошанд;
-номгӯи нашрияи суд (агар чунин нашрия бошад);
2) иттилооте, ки бо баррасии парванда дар суд алоқаманд мебошанд:
-талабот оид ба шакл ва мазмуни ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми ба суд муроҷиат кардан муайян гардидаанд ва ё намунаи ин ҳуҷҷатқо, тартиби ба суд пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мазкур;
-маълумот оид ба андоза ва тартиби пардохти боҷи давлатй аз рӯи категория и парвандаҳое, ки дар суд баррасй карда мешаванд;
-маълумот оид ба парвандаҳо ва санадҳои қабулкардаи суди аз рӯи натиҷаи баррасии онқо;
-тавзеҳот ва ҷамъбаст аз рӯи масъалаҳои таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои судй;
3) маълумоти омори судй бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) иттилоот оид ба масъалаҳои кадрии суд:
талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи коромӯз-судя;
-маълумот оид ба ҷойҳои холии мансабҳои маъмурии хизмати давлатй дар дастгоҳи суд;
-тартиби қабул шудан ба хизмати давлатй дар дастгоҳи судҳо, -талаботи тахассусй нисбат ба номзадҳо барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатй дар дастгоҳи суд;тартиби гузарондан ва натиҷаи озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатй дар дастгоҳи суд;
-иттилоот оид ба тартиб ва вақти қабули шахсони воқей ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, тартиби баррасии муроҷиати онҳо вобаста ба фаъолияти суд, судя ё кормандони дастгоҳи суд.
2) Суди конститутсионй, Суди Олй ва Суди Олии иқтисодй дар баробари иттилооти дар қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда мувофиқан дар сомонаи худ маълумотро оид ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир менамоянд.
Моддаи 15. Инташори матни санаддои судй дар сомонаи суддо
1) Матни санаддои судй, ба истиснои санаддои судии дар қисми 5 дамин модца пешбинигардида, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ондо бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судй дар сомонаи суддо ҷойгир карда мешавад.
2) Ҷойгир кардан ва мудлатдои дар сомонаи суддо нигод доштани санаддои судй аз ҷониби Суди консгитутсионй, Суди Олй ва Суди Олии иқтисодй дар доираи салодиятангон муқаррар карда мешаванд.  
3) Ҳангоми интишор намудани матни санаддои судй дар сомонаи суддо бо мақсади таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиа аз ондо маълумоти дар қисми 4 дамин модда пешбинигардида хориҷ карда мешавад. Бар ивази маълумоти шахсии хориҷкарда сардарфдои насаб, ном ва номи падар, номи сохта ва дигар ифодадо, ки даммонанд кардани иштирокчиёни мурофиаро гайриимкон мегардонанд, истифода мешаванд.
4) Маълумоти шахсй мувофиқан бо санаддои судй индо мебошанд:
1) насаб, ном ва номи надари иштирокчиёни мурофиаи судй, сана ва ҷойи таваллуд, ҷойи истиқомат ё будубош, радами телефон,
2) маълумоти шиноснома ё дуҷҷати дигари тасдидкунандаи шахсият, радами мушаххаси андозсупорандаи шахсони водей ва дудудй, инчунин содибкорони инфиродй;
маълумот оид ба мадалли ҷойгиршавии дитъаи замин, бино, иншоот, хонаи истидоматй, воситаи надлиёт, маълумоти дигар дар бораи молу мулк ва маблагдои пулии дар бонкдо ё дигар ташкилоти дарзй будаи иштиродчиёни мурофиаи судй, агар ин маълумот ба модияти парванда мансуб бошад.
5. Дар сомонаи суддо матни санаддои судне, ки бо парвандадои зерин бароварда шудаанд, ҷойгир карда намешаванд:
1) ба амнияти давлат дахлдошта, аз ҷумла маълумоти дорой сирри давлатй ё сирри дигари бо донун дифзшаванда;
2) аз муносибатдои дукуди оилавй, аз ҷумла оид ба парвандадои марбутба фарзандхондй;
3) ба ҳуқуқ ва манфиати ноболигон дахлдошта;
4) дар бораи ҷиноятдо ба мудобили озодии ҷинсй ва дахлнопазирии ҷинсӣ;
5) дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудан ё махдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд;
6) дар бораи ба тариқи маҷбурӣ дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳй бистарикунонии шаҳрванд ва шаҳодаткунонии маҷбурии рӯҳй;
7) дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрваидӣ.

Моддаи 16. Ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бмнои судҳо Бо мақсади шинос шудани истифодабаранда ба иггилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо овезаҳои итгилоотй ва ё воситаҳои техникии таъиноташон шабеҳ ҷойгир карда мешаванд, ки онҳо бояд дорои чунин маълумот бошанд:
1) тартиби қабули шахсони воқей ва иамояндаи шахсони ҳуқуқй;
2) маълумот дар бораи рӯз, соат ва ҷойи баррасйи парвандаҳои судӣ;
3) тартиби ворид шудан’ба толори маҷлиси суд ва бинои судҳо ва чораҳои таъсиррасонй нисбати вайронкунандагони тартиботи маҷлиси суд;
4) тартиби гирифтани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
5) ;маълумоти дигаре, ки ба истифодабарандаи иттилоот зарур мсбошад.

Моддаи 17. Ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонй мебошанд
Ҷойгир кардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонй мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 18. Дархост намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз дониби истифодабарандаи иттилоот ва тартиби пешниҳод кардани иттилоот
Истифодабарандаи иттилоот ҳуқуқ дорад ба суд бо дархост бевосита ё ба воситаи намояндааш, ки ваколатҳои ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудаанд, барои гирифтани иттилоот муроҷиат намояд.
2) Дар дархост суроғаи почтавӣ, рақами телефон ва ё факс ё ин ки суроғаи электронй барои ирсол намудани ҷавоб ба дархост ё дақиқ кардани мазмуни дархост, инчунин насаб, ном ва номи падари дархосткунанда нишон дода мешаванд. Дархости хатгй аз тарафи дархосткунанда ё намояндаи ӯ имзо карда мешавад.
3) Дархост дар судх,о бо тартиб ва мухдатҳои муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқей ва хуқуқй» баррасй карда мешавад.
4) Ҷавоб ба дархост бояд иттилооти дархостшуда ё ҷавоби радди асосноккардашудаи пешниҳоди чунин итгилоътро дар бар гирад.
5) Итгалоот оид ба фаъолияти судҳо ройгон пешниҳод карда мешаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.

Моддаи 19. Асосҳое, ки имконияти пешниҳод намудани итгалоот оид ба фаьолиятн судҳоро нотисно менамоянд
Итгалоот оид ба фаъолияти судҳо дар ҳолатҳои зерин пешниҳод карда намешаванд, агар:
1) дархост носаҳеҳ буда, пешниҳод намудани иттилооти дахлдорро оид ба фаъолияти судҳо гайриимкон гардонад;
2) дар дархост талаботи қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур риоя нашуда бошанд;
3) иттилооти дархостшуда ба иттилооти дастрасиашон махдуд мансуб бошанд;
4) иттилооти дархостшуда амалишавии адолати судиро халалдор намоянд;
5) пешниҳоди иттилооти дархостшуда таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судиро халалдор созад;
6) иттилооти дархостшуда қаблан ба истифодабарандаи итгалоот дастрае шуда бошанд;
7) дар дархост масъалаи шарҳи меъёри ҳуқуқ, тавзеҳи татбиқи он, баҳодихди ҳуқуқии санадҳои судӣ ё иҷро хсардани кори дигари иттилоотие, ки бевосита ба ҳуқуқу уададориҳои дархосткунанда алоқаманд намебошанд, гузошта шуда бошанд.
2. Судҳо хукуқ доранд иттилоотро аз рӯи дархост оид ба фаъолияташон пешниҳод накунанд, агар ин и тгалоот дар воситаҳои ахбори омма ва ё дар сомонаи судҳо нашр шуда бошанд. Дар ин маврид дар ҷавоб ба дархост ном, санаи нашр ва рақами воситадои ахбори омма, ки дар он итгилооти дархостшуда нашр гардидаанд ё суроғаи сомона, ки дар он итгилооти дархостшуда ҷойгир карда шудаанд, нишон дода мешаванд.
БОБИ 4.
ҲАМКОРИИ СУДҲО БО ВОСИТАДОИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 20. Мақсад ва шаклдон дамкории суддо бо воситаҳои ахбори омма
Ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади итгилоотонии воқеӣ ва садед оид ба фаъолияти суддо дар шаклдои зерин амалй карда мешавад:
1) дастрасии озодонаи намояндагони воситаҳои ахбори омма ба бино ва сомонаи суддо, ки дар ондо иггилоот оид ба фаъолияти суддо ҷойгир карда шудаанд, инчунин дузур доштани ондо дар мурофиадои ошкорои судӣ;
2) пешнидоди иттилоот оид ба фаъолияти суддо аз рӯи дархости воситадои ахбори омма;
3) инъикоси иттилоотонии фаъолияти суддо, аз чумла масъаладои такмили қонунгузории Ҷумдурии Тоҷикистон, ки фаъолияти зикргардидаро танзим менамояд;
4) иштироки воситадои ахбори омма дар нишастдои матбуотй ва дигар чорабинидои якҷояи судҳо
5) шаклдои дигари дамкорие, ки ба қонунгузории Ҷумдурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

Моддаи 21. Намояндаи расмии суддо овд ба дамкорй бо воситадои ахбори омма
1. Намояндаи расмии суддо оид ба дамкорй бо воситадои ахбори омма раиси суд ё шахсе мебошад, ки аз ҷониби ӯ ваколатдор карда шудааст.
2. Судҳо бо мақсади ташкили дамкорй бо воситадои ахбори омма мегавонанд дар дасттоддои худ бахши сохтории дахлдор ё ин ки шахси ваколатдорро, ки дукуқ ва уддадоридояшон оид ба амалй намудани дамкории зикргардида мувофиқан бо санаддои танзимкунандаи фаъолияти дохилии суддо мукдррар карда мешаванд, муайян намоянд.
БОБИ 5.
ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА НАЗОРАТИ ДАСТРАСЙ БА ИТТИЛООТ
ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО


Моддаи 20 .Ҳифзи ҳуқуқи дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
Нисбат ба амали (беамалии) шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқи дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро вайрон мекунад, бо тартиби муқаррариамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.                                          1

Моддаи 23. Ҳалли баҳсҳои марбут ба дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
Баҳсҳо вобаста ба дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 24. Назората дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо
1.   Назорати дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз ҷониби раиси суд дар доираи салохдяташ амалй карда мешавад.
2.   Тартиби амалй намудани назорати дастрасй ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо санадҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии судҳо муқаррар карда мешавад.