ОИД БА ПАРВАНДАҲОЕ, КИ ДАР СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРРАСӢ МЕШАВАНД, БОҶИ ДАВЛАТӢ БА АНДОЗАИ ЗЕРИН СИТОНИДА МЕШАВАД:

 1) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ аз рўи нархи даъво:

— то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо — 3% аз нархи даъво;

— аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо — 2% аз нархи даъво;

— аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо — 0,7% аз нархи даъво;

— зиёда аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо — 0,5 % аз нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъвои дорои хусусияти ғайримолумулкӣ, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд:

— барои шахсони воқеӣ — 5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

— барои шахсони ҳуқуқӣ — ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) аз аризаҳои даъвогӣ дар бораи озод намудани амвол аз ҳабс — боҷ аз рўи нархи даъво мутобиқи банди 1 ҳамин қисм муайян карда мешавад;