Қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одам боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани шахс гардид!

Бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор шаҳрванд Р.Л. барои он бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10(даҳ) сол бо адо кардани ҷазо дар каллонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуд, ки номбурда соли 2019 бо тариқи никоҳи мусалмонӣ ба шаҳрванд К.Ҷ. истиқоматкунандаи ноҳияи Сангвор ба шавҳар баромада оила барпо намудааст. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби як нафар фарзанд  гардидаанд. Бо ҳамроҳии онҳо духтари К.Ҷ.-К.З.Ҷ. зиндагӣ мекардааст, ки номбурда дар бисёр ҳолатҳо ба зиндагии Р.Л. дахолат менамудааст, ки ин сабаби носозгорӣ ва муноқишаҳои оилавии онҳо дар оила ва боиси зиддияту хусумати онҳо гаштааст. Бо ин асосҳо тахминан як моҳ пеш Р.Л. дар худ нақшаи халосӣ ёфтанро аз  К.З.Ҷ. ҷӯста, роҳи ягонаи халосиро дар куштори охирин дидааст ва бо ин мақсад нақша кашидааст, ки К.З.Ҷ-ро дар фурсати муносиб бо роҳи фиреб ба соҳили дарёи Хингоб  бурда ба дарё  тела дода ғарқ намояд ва баъди анҷоми ин кор омада ба шавҳараш К.Ҷ. мегўяд, ки духтараш К.З. худашро ба дарёи Хингоб партофта, ғарҷ намудааст. Баъдан зиндагиашро бо шавҳар ва писараш осудаҳолона пеш мебарад.

Бо ин мақсад, ӯ санаи 26 ноябри соли 2021 баъд аз якҷоя хӯрдани хуроки нисфирўзӣ тахминан соати 14 ба 15 бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан, К.З.Ҷ-ро аз рўи нақшаи қаблан кашидааш бо роҳи фиреб ба соҳили дарёи Хингоб, ки аз манзили истиқоматиашон тахминан дар масофаи 150 метр дуртар ҷойгир мебошад бурда, бо истифодаи зуроварӣ номбурдаро ба даруни  дарё тела додааст, ки дар натиҷа К.З.Ҷ. ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст. 

   Раиси суди

ноҳияи Сангвор                                                                        Салимзода М.Д.