Ҳама гуна хушунат ҷиноят аст!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла «Эъломия дар бораи ҳуқуқи башар» ва «Конвенсия оид ба пешгирии ҳамагуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон»-ро эътироф намудааст, ки ҷиҳати беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа равона гардидааст. Мувофиқи қонун ҳама гуна зӯроварӣ манъ аст. Аз ин рӯ, ҳуқуқҳои занони ҷабрдидаи зӯроварӣ бо Кодексҳои маъмурӣ, ҷиноятӣ, Оила, манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳимоя карда мешаванд.    Барои решакан намудани хушунат аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдор, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва нерӯҳои сиёсии кишвар ташаббусҳое амалӣ мегардад, ки дар ин замина вохӯриву мулоқот, семинар, конфронсу ҳамоиш,  аксияву мизҳои мудаввар аз зумраи чунин иқдом ба шумор мераванд. Дар ин замина, мақомоти судӣ бо бахши кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия пайваста талош доранд, ки баҳри мубориза бо хушунат аз усулҳои муосиру муассир кор гиранд. Ҳадаф аз ин ташаббус мубориза бо хушунат ва тарғиби муҳаббат дар оила мебошад.