Риоя накардани талаботи меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардид.
Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор шаҳрванд Ш.С.М. барои он бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3200 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў бар хилофи талаботи моддаи 11 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқи он маросимҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд, амал намуда, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Тавилдара барои маросими “Сол”-и марҳум падарашро гузаронидан дар ду ҳуҷра барои меҳмонон дастархон ороста, ҳамдеҳагон ва хешу таборашро даъват намуда бо таом зиёфат намудааст.
Бинобар ин, раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо ва худи шаҳрвандонро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошанд ва нагузоранд, ки шаҳрвандон ба исрофкорӣ роҳ дода, меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намоянд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.