Муомилоти ғайриқонуни бо асъори хориҷӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардид.
- Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор шаҳрванд П.Р.В. барои он бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 3200(се ҳазору дусад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў бар хилофи талаботи моддаи 9 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», ки мутобиқи он резидентҳо ва ғайрирезидентҳо амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тавассути бонкҳои ваколатдор ва шахсони ваколатдор бо тартиби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода метавонанд, амал карда, рўзи 25 майи соли 2022 тахминан соати 08-30 дақиқа ба муомилоти ғайриқонунии асъор роҳ дода, бар ивази 1000 рубли руссӣ ба харидор Раҷабов А. як адад кўлоҳ, як адад сумкаи варзишӣ ва як қуттӣ пичинро фурухта, аз ин маблағ ба Раҷабов А. 5 сомонӣ бақия додаааст.