30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ —

НЕЪМАТИ ХУДОДОД, ДАСТОВАРДИ МУҚАДДАСТАРИН ВА БУЗУРГТАРИНИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Ҷоизи қайд аст, ки маъракаҳои бузурги сиёсӣ алалхусус ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон собит менамояд, ки барои мардуми шарифи кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромию пешрафти ҷомеа арзишҳои муқаддас мебошанд.

Воқеан, мо ҳама зода ва дастпарварони ҳамин мулкем. Миёни мо тафриқандозӣ, ҷудоиандозӣ, хусумат дар пояи бадбинӣ нисбат ба принсипҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ на бояд арзи ҳастӣ дошта бошад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи муқаддаси худ қарор додааст.

Аз ин рў ҳар чизе, ки  то имрўз ва пас аз ин Ҳукумати Тоҷикистон пеша намудааст, танҳою танҳо ба хотири эҳтирому риояи ҳуқуқи инсон мебошад.

Баъди аз байн рафтани давлати Шўравӣ, дар баробари як қатор давлатҳои собиқ Иттиҳод, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сўи инкишофи мустақилона роҳ гирифт.

Воқеаҳое, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ рух доданд ва марҳалае, ки баъд аз эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардид, самти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии тарақиёти кишвари моро комилан тағйир доданд.

Бузургтарин падида ин оғози таърихи давлатдории навини тоҷикон буд, ки халқи тоҷик ва давлати миллии онро ба мушкилиҳои басе зиёд рў ба рў намуд.

Иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Ҳокимияти давлатӣ дар симои Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, ба барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ кардани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон дар ҷомеа шароит фароҳам гашт. Сардори боғайрати давлати навтаъсиси тоҷикон савганди садоқат ба миллату давлат ёд карда, қотеона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат дод, ки тамоми гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонида, дар якҷоягӣ Ватани аҷдодиамонро обод, давлату ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ барпо намуда, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлату ҷомеаро зери ҳимояи қонун қарор медиҳанд.

Имрўзҳо миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли онро таъмин намуда, ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва адолатпарварро бунёд карда истодааст.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъули таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.

         Давлати соҳибихтиёр эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои волоияти ҳокимияти давлатиро дар саросари кишвар ифода намуда, аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бидуни дахолати кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ мустақилона дар асоси меъёрҳои маъмули байналмиллалӣ ба амал мебарорад. Узвият ба Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ низ аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

         Маҳз ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон буд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон аксарияти давлатҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил пазируфта, бо он робитаҳои дипломатӣ муқаррар намуда, дар қаламрави он сафоратхона, консулгариҳо ва намояндагии худро кушодаанд. Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ сафоратхонаҳо ва консулгарии худро барпо намуда, ҳамкории хешро бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси қарордодҳои дутарафа ва бисёртарафа ба роҳ монда истодааст.

         Ҷустуҷўи роҳҳои ҳифзи асолати миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои сиёсии миллат дар давраи соҳибистиқлолии кишвар буда, дар ин самт роҳбарияти давлати Тоҷикистон корҳои назаррас ва ҷиддиеро амалӣ гардонидааст. Чунончи таҷлили ҷашни шаҳрҳои таърихии мардуми тоҷик Хуҷанд, Истаравшан ва Кўлоб, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 680-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, ҳазораи таълифи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, сеҳазорсолагии оини зардуштӣ, 2700-солагии «Авесто», 1025-солагии Ибни Сино, 800-солагии Мавлоно Румӣ (Балхӣ), соли тамаддуни ориёӣ ва ниҳоят, 1150-солагии қофиласолори адабиёти тоҷики-форсӣ Абўабдуллоҳи Рўдакӣ…… ҷузъи чорабиниҳое буданд, ки дар ин самт сурат гирифтаанд.

         Дар давоми сӣ соли истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошт ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории он ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил ёфта, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодааст.

Имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаббусҳои байналмилалӣ дорад, ки ба овози ў созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳонӣ гўш медиҳанд, барои ҳамкорӣ кардан омодагии худро иброз медоранд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, Парлумони мамлакат баробари ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ рў оварда, қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷавобгў ба талаботҳои давлати демократиро таҳия ва қабул намуданд.

          Эълом доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар моддаи панҷуми Конститутсия арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон  мақомоти дахлдори давлатиро тақозо мекунад, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии ҳар як фарди кишвар тадбирҳои судманд андешида, механизми кафолати воқеии таъмини онҳоро ба вуҷуд оваранд.

          Хонандагони арҷманд, мо ки дар остонаи таҷлили 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ин ҷашни фархундаро ба ҳамаи Шумоёни азиз табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки бояд қадр ва эҳтироми  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро нигоҳ дошта, баҳри боз ҳам ободу шукуфон, пешрафтаву тараққӣ карда ва орому босуббот гардонидани кишварамон, сарзаминамон, давлатамон ва ниҳоят Ватани азизамон Тоҷикистон ҳама дар зери парчами сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саф кашида, ин дастоварди бузургу беназир ва муқаддасоти бебаҳоро ба тозагӣ эмин нигоҳ дорем. 

          Хонандагони гироми қадр фарҷоми суханро бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни анҷом мебахшем. «Барои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, эҳсоси ватанпарастӣ ва миллатдўстӣ бояд дар заминаи саҳеҳи ақлӣ ба вуҷуд ояд, зеро бе дўст доштани Ватан ҳеҷ фард наметавонад инсони комил ва озод бошад. Ватанпарастӣ дар зоти худ дониш, фарҳанг, хирад ва зиракиро мехоҳад. Ватанпарастие, ки бе дониши амиқ ва бе зиракии сиёсӣ ташаккул меёбад, дар бештари мавридҳо ба як эҳсосоти қалбакӣ ва ифротгароёна табдил мешавад. Дар ин муддати кўтоҳи муборизаҳо барои истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлатдории навин шоҳиди чунин эҳсосот ва ба истилоҳ ватанпарастӣ будем, ки ба миллату давлат зарари ҷуброннопазир овард. Аз ҳамин сабаб ман ба хулосае омадам, ки барои мустаҳкам кардани асосҳои давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ ҳисси ифтихори миллии ҷомеаро бедор кунанд. Ҳисси ифтихори миллӣ барангезандаи нерўи созанда ва ободгар, ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии ба рўҳи замон мувофиқ ва пайвандгар ба тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад».

         Ба ҳамаи Шумоён ҳамватанони азиз дар таҷлили ҷанши 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбӣ таманно дорам.  

Раиси суди н.Сангвор                                                 Салимзода М.Д.